Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Барои табдил додани полиси кишвар аз “милитсияи” услуби кӯҳна ба нерӯи полиси муосир, Дафтари барномаҳо Вазорати корҳои дохилиро (ВКД) дар татбиқи Стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия дастгирӣ мекунад. Ин ду ҳуҷҷат аз ҷониби ВКД бо дастгирии Дафтар ва дар машварат бо гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар давраи солҳои 2013-2020 таҳия карда шудаанд. Ҳоло онҳо мавриди баррасӣ қарор доранд ва барои барномаи нави ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021 то 2025 ҳамчун замина хизмат хоҳанд кард. Аз соли 2015 Дафтар ба ВКД ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории милитсия ва ҷомеа тавассути дастгирии фаъолияти нӯҳ Шӯрои ҷамъиятӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон кӯмак мекунад. Шӯроҳои мазкур намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷамоатҳо ва ВКД-ро барои татбиқи ислоҳоти милитсия дар маҳалҳо гирди ҳам оварданд. Соли 2019 ду Шӯъбачаи хизматии милитсия ва соли 2020 сеюмаш кушода шуданд ва ба фаъолият шурӯъ кардаанд, ки усулҳои нави ҳамкории милитсия бо ҷомеаро дар деҳот тарғиб мекунанд.
Ҳифзи ҳуқуқ бо назардошти манфиатҳои ҷомеаҳои маҳаллӣ нерӯи такондиҳандаи дастгирии Дафтари барномаҳо дар мубориза бо хушунати хонаводагӣ мебошад. Дафтар дар якҷоягӣ бо ВКД 15 шӯъбаи милитсияи баназаргирандаи масоили гендериро таъсис дод, муҷаҳҳаз намуд ва омӯзонид, то онҳо кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар самти вокуниши самаранок ба парвандаҳои хушунати хонаводагӣ роҳнамоӣ кунанд.
Бо назардошти таҳдиди афзояндаи ҷинояткории муташаккилона, Дафтар ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир пуштибонӣ кард. Дар ин робита ба Агентии назорати маводи мухаддир бо ташкили ҷаласаи умумиҷумҳуриявии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ кӯмак расонида шуд. Дар доираи мусоидат ба татбиқи Стратегияи миллии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013-2020, Дафтар дар байни дигар фаъолиятҳо ба ВКД ва АНМН дар гузаронидани маъракаҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи маводи мухаддир ва мусобиқаҳои варзишии ҷавонон таҳти шиори “Ҷавонон ва варзиш алайҳи маводи мухаддир” кӯмак кард.