Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Идоранамоии сарҳадҳо
Тоҷикистон бо як қатор душвориҳое, ки бо сарҳадҳо иртибот доранд, аз ҷумла бо қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи инсон, дучор меояд. Дафтари барномаҳо барои марзбонони тоҷик, қирғиз ва афғон оид ба ошкор ва пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии марзҳо курсҳои таълимӣ мегузаронад, ба онҳо дар рушди системаҳои мубодилаи иттилоот мусоидат мекунад, ки убури сарҳадро осон ва назорати сарҳадро тақвият медиҳанд. Дастоварди асосӣ дар ин кори ҳаётан муҳим Коллеҷи САҲА барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ мебошад, ки онро Дафтари барномаҳо дар соли 2009 дар Душанбе таъсис додааст. Ҳамчун яке аз лоиҳаҳои барҷастаи САҲА, он ба 57 Кишвари иштирокчӣ ва 11 шарикони ҳамкор имкон медиҳад, ки афсарон ва масъулини роҳбарикунандаи марзбони худро дар коллеҷ омӯзонанд. Курсҳои асосии солонаи он се курси якмоҳа барои кормандонро дар бар мегиранд, ки яке аз онҳо барои кормандзанони мақомоти сарҳадӣ аст ва дигаре Аспирантураи яксола дар соҳаи амният ва идоракунии сарҳад барои роҳбарони боломақом, ки дар ИА аккредитатсия шудааст.