Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Озодӣ ва рушди воситаҳои ахбори омма
Ҳадафи Дафтари барномаҳо баланд бардоштани иқтидори Ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати муаррифӣ намудани қонунгузорӣ дар бораи ВАО ва барномаҳои баландсифати таълимии риштаи хабарнигорӣ дар донишгоҳҳо равона шудааст. Дафтари барномаҳо барои таҳияи Кодекси иттилоотии кишвар, ки муносибатҳои ҳуқуқиро дар соҳаи иттилоот ва ҳуқуқи дастрасӣ ба маълумотро танзим мекунад, бо парлумони Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад. Пас аз ба қабул кардан, Кодекси иттилоотӣ аввалин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Дафтари барномаҳо инчунин Вазорати маориф ва илмро барои баланд бардоштани сифати барномаҳои таълимӣ ва омоданамоии кадрҳо барои факултетҳо ва ихтисосҳои хабарнигории муассисаҳои миллии таҳсилоти олӣ дастгирӣ мекунад. Дафтар инчунин бо Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, ки ҳамчун воситаи муҳими миёнаравӣ дар байни мардум ва ВАО хизмат мекунад, бо роҳи ҳалли баҳсҳо то ба суд расидани онҳо ҳамкорӣ мекунад. Дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, Дафтар бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот Форуми ВАО-ро ташкил менамояд, ки дар он рӯйдодҳои марбути ВАО дар Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.