Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Вазорати корҳои дохилиро дар доир намудани ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба баррасии лоиҳаи Қонун «Дар бораи милитсия» дастгирӣ мекунад

Аз 25 то 27 феврали соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Вазорати корҳои дохилӣ дар ташкили ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба баррасии лоиҳаи Қонун «Дар бораи милитсия» мусоидат намуд. Музокирот 25 феврал дар ноҳияи Ҳисор оғоз ёфта рӯзҳои 26-27 феврал дар Душанбе идома ёфт. Бо дархости вазорат САҲА як коршиноси байналмилалиеро ҷалб кард, ки қаблан дар соли 2024 лоиҳаи қонунро арзёбӣ карда буд. Дар рафти вохӯрӣ коршинос оид ба мутобиқ кардани қонунгузорӣ ба стандартҳои байналмилалии фаъолияти демократии полис тавсияҳо пешниҳод намуд.
Дар чорабинӣ мансабдорони баландпоя, аз ҷумла сафир Вилли Кемпел, Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе; Муовини вазири корҳои дохилӣ Муборакшозода Ғайратшо; Ҳамоҳангсози миллии ислоҳоти милитсия Сафиало Азизуллозода ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ ҷамъ омаданд. Намояндагони сафоратхонаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Туркия, Эрон, Покистон, Чин ва Фаронса низ ширкат доштанд. Мутасаддиёни масоили полиси намояндагиҳои дипломатӣ оид ба лоиҳаи қонун ва тавсияҳои коршинос фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Дар асоси муҳокимаҳо ва пешниҳодҳои воридшуда, гурӯҳи кории Вазорат нақша дорад, ки лоиҳаи қонунро пеш аз пешниҳоди он ба роҳбарияти баландпоя барои баррасӣ ва тасдиқи минбаъда бознигарӣ кунад.
Дар вохӯрӣ ҳамагӣ 20 нафар (19 мард ва 1 зан) ширкат варзиданд.