Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Ҳуқуқи инсон
Дафтари барномаҳо иқтидори ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро дар татбиқи Барномаи давлатии таълимӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Стратегияи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва Тавсияҳои давлатҳои узви Шӯрои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид дар доираи Даври сеюми Шарҳи универсалии даврӣ (UPR-ШУД) тақвият медиҳад. Дафтар барои ҳамоҳангсозони ҳукуматӣ оид ба ҳуқуқи инсон, судяҳо ва омӯзгорон оид ба асноди қонунгузорӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон тренингҳо мегузаронад.
Дафтари барномаҳо инчунин платформаҳои муколама, мубоҳисаҳо ва чорабиниҳои омӯзиширо барои ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва дастгирии пешбурди афзалиятҳо, ҳадафҳо ва вазифаҳои Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва татбиқи онҳо бо таваҷҷӯҳи махсус ба озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ҳуқуқ ба баробарӣ ва манъи табъиз; ҳуқуқи шахсони дорои маълулият; ва ҳуқуқ ба манзили муносиб ташкил менамояд. Дафтари барномаҳо кӯмаки ройгони ҳуқуқиро барои ҳимояи ҳуқуқ ба манзил дастгирӣ мекунад ва бо Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар ҳуҷҷаткунонии парвандаҳои шиканҷа ва дастгирии ҳуқуқии ҷабрдидагон ҳамкорӣ мекунад.