Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Идоракунии самарабахш
Дафтари барномаҳо бо ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳкими заминаи институтсионалӣ, стратегӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла кӯшишҳои онҳо ҷиҳати муқовимат ба коррупсия ва қонунигардонии (шустани) маблағҳо ҳамкорӣ мекунад. Он дар таҳияи Стратегияи нави миллии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон нақши барҷаста дорад ва ба фаъолони ғайриҳукуматӣ барои саҳмгузорӣ ба Стратегия имконият медиҳад. Дафтар татбиқ ва таъсири онро назорат мекунад ва беҳтарин стандартҳои байналмилалии зиддифасодро ҷорӣ менамояд. Дар ҳамкорӣ бо Агентии мубориза бо коррупсия, Академияи идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои дахлдор, Дафтар барномаҳои таълимие таҳия мекунад, ки барои баланд бардоштани одоб ва ростқавлии хизматчиёни давлатӣ ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо истифода мешаванд. Он инчунин маърифати зиддифасодро барои хизматчиёни давлатӣ ҷорӣ мекунад. Дафтар инчунин ба Бонки миллии Тоҷикистон дар эҷоди қарорҳои устувори зидди қонунигардонии маблағҳо кӯмак мерасонад.
САҲА ба ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо фасод ва таҳкими иқтидори он диққати махсус медиҳад. САҲА дар ташкили Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон оид ба шаффофият ва мубориза бо фасод кумак кард ва дар баланд бардоштани иқтидор ва сатҳи огоҳӣ тавассути чорабиниҳои гуногун кӯмак расонд.