САҲА малакаҳои таҳқиқоти онлайнии Агентии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути омӯзиш оид ба иктишоф бо истифода аз манбаҳои кушода тақвият медиҳад
Рӯзҳои 8 то 10 октябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар шаҳри Душанбе курси серӯзаи таълимии амалиро таҳти унвони “Иктишоф бо истифода аз манбаҳои кушода ва таҳқиқоти онлайн: сатҳи муқаддимавӣ” баргузор намуд. Омӯзиш барои 20 афсари Агентии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда, таҳти роҳбарии коршиноси байналмилалӣ доир гардид. Ҳадафи асосии курс баланд бардоштани қобилияти иштирокчиён дар ҷамъоварӣ, таҳлил ва истифодаи иттилооти дастраси оммавӣ дар интернет буд.
Курси таълимии мазкур барои Агентӣ аҳамияти муҳим дорад, зеро он ба афсарон воситаҳои заруриро барои таҳқиқи киберҷиноятҳои марбут ба қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризм ва ҷиноятҳои муташаккил таъмин менамояд. Бо баланд бардоштани қобилияти таҳқиқотии худ бо истифода аз манбаҳои кушода, афсарон барои ҳалли мушкилоти тағйирёбандаи фаъолиятҳои ҷиноии онлайн беҳтар омода хоҳанд шуд. Дониш ва усулҳое, ки дар рафти омӯзиш аз худ карда шудаанд, қобилияти онҳоро барои таъмини амнияти ҷамъиятӣ ба таври назаррас афзоиш медиҳанд ва ба фаъолияти муассиртари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд.
САҲА ҷонибдори доимии дастгирии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути чунин ташаббусҳои баланд бардоштани сатҳи тавонмандӣ боқӣ мемонад, ки барои таҳкими амният ва ҳамкории минтақавӣ муҳиманд.