Баробарии гендерӣ
Иштироки занҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ
Кори Дафтари барномаҳо оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ дар самти васеъ намудани ҳуқуқу имконоти занон ва тақвияти нақш ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ суръат мегирад. Дафтар бо сохторҳои ҳукуматӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дастгирии огоҳии бештар дар бораи ҳуқуқи занон ва дастгирии имкониятҳо барои онҳо ҳамкорӣ мекунад. Дар якҷоягӣ бо Шабакаи чемпионҳои ҷавони гендерии тоҷики таъсисдодаи худ Дафтари барномаҳо ташаббуси баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии “ҳамсол ба ҳамсол”-ро ба роҳ монд. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ Дафтар ҳамчун ҳомии ба сафи милитсия ҷалб кардани шумораи бештари занон баромад мекунад. Дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи занони корманди милитсия Дафтар сатҳи огоҳиро дар бораи таъқиби занон дар кӯчаҳо дар асоси ҷинсият баланд мебардорад.
Мубориза бо зӯроварӣ дар оила
Дафтари барномаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар таъсис додани механизмҳои фаврӣ ва устувори мубориза бо зӯроварӣ дар оила дастгирӣ мекунад. Бо мақсади ба роҳ мондании ин кор Дафтар бо як қатор шарикон, аз қабили Комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза бо зӯроварӣ дар оила, Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилӣ оид ба баназаргирии масоили гендерӣ дар ислоҳоти милитсия, инчунин гурӯҳҳои кории бисёрсоҳавии минтақавӣ дар самти дастгирӣ ва ҳимояи ҷабрдидагон ҳамкорӣ мекунад. Дафтар иқтидори мақомоти дахлдори давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро барои вокуниши самаранок ба ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила ва дарки робитаи байни қолабҳои гендерӣ, нобаробарии гендерӣ ва нобаробарӣ дар мақомоти давлатӣ ва зӯроварии хонаводагӣ таҳким медиҳад. Дафтар шабакаи 14 Маркази захиравии занонро дастгирӣ мекунад, ки барои наҷотёфтагон аз зӯроварии хонаводагӣ кӯмаки психологию иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мерасонанд. Марказҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи зӯроварӣ дар оила дар минтақаҳои мақсаднок ва васеъ намудани ҳуқуқу имконоти занон тавассути курсҳои гуногуни касбӣ кор мебаранд. Дафтар 15 шӯъбаи милитсияи баназаргирандаи масоили гендериро таъсис дод ва зарфияти нозирзанонро, ки бо масоили хушунати хонаводагӣ сарукор доранд, тақвият мебахшад.