Мубориза бар зидди терроризм
Дафтари барномаҳо ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ ва мубориза бо ифротгарии хушунатомез ва тундравие, ки ба терроризм оварда мерасонад (VERLT) кӯмаки мунтазам ва ҳадафноки омӯзишӣ ва техникӣ мерасонад. Ҳамкории он бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таҳкими устувории ҷомеа дар мубориза бо ифротгароии хушунатомез ва тундравие, ки ба терроризм оварда мерасонад (VERLT) нигаронида шудааст. Дафтар бо аъзои ҷомеаи маҳаллӣ, омӯзгорон ва пешвоёни ҷавонон ва занон кор мекунад, то огоҳии онҳоро аз омилҳои марбут ба ифротгароии хушунатомез ва тундравие, ки ба терроризм оварда мерасонад баланд бардорад ва таваҷҷӯҳи онҳоро ба аломатҳои аввали тундравии террористӣ ва ифротгароии хушунатомез ҷалб намояд.
Дафтар инчунин бо мақомоти миллӣ дар самти манъи маблағгузории терроризм, ҳимоят аз пешгирии самарабахши истифодаи интернет бо мақсадҳои террористӣ ва риояи озодии ВАО ҳамкорӣ мекунад. Дар кори пешгирии ифротгароии хушунатомез, Дафтар аз роҳнамоҳои САҲА ва ЮНЕСКО истифода мебарад, ки дар онҳо риояи ҳуқуқи инсон дар ҷараёни таълими кадрҳо ва тарғибот таъкид шудааст. Дафтар инчунин ба кишвари мизбон дар таҳияи сиёсати давлатӣ оид ба мавзӯъи мазкур кӯмаки коршиносӣ мерасонад ва ба ҳалли масоили стратегӣ бо дархости ҳукумати мизбон мусоидат мекунад.