Манбаъҳо
Пешгирии Зӯроварӣ дар Оила: Китоби Иттилоотӣ
Мақсади асосии дастур ин такмили сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пеш аз ҳама нозирони милитсия, ки бевосита бо аҳолии мамлакат кор мебаранд ва муқаррароти қонуни “Пешгирии зӯроварӣ дар оила”-ро амалӣ месозанд, мебошад. Дастур моҳияти зӯроварӣ дар оиларо тавассути дарки вазъи равонии ҳуқуқвайронкунанда ва ҷабрдида, фаҳмиши стереотипҳои мавҷуда дар бораи зӯроварӣ дар оила ва ҷанбаҳои гуногуни баробарии гендерӣ, мефаҳмонад. Дастур инчунин нақши кормандони милитсияро дар мубориза бар зидди ин падидаи манфии иҷтимоӣ ва ҷанбаҳои усули байнисоҳавиро дар самти расонидани кӯмак ва ҳимоя ба ҷабрдидагон муайян месозад.
Ақидаву афкор, нуқтаи назар, хулосаҳо ва дигар маълумоте, ки дар ин санад дарҷ ёфтаанд, ҳатман бо нуқтаи назари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мувофиқат намекунанд, ба ғайр аз он ҳолатҳое, ки возеҳан гуфта шудааст, ки САҲА муаллифи ин санад аст.