Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Муқовимат ба хариду фурӯши одамон

Ҳунармандоне, ки ҳодисаҳои хариду фурӯши одамон барои истисмори меҳнатӣ ва шаҳвониро тақлид мекунанд дар ҷараёни омӯзиши чоррӯзаи миллӣ дар асоси моделсозии тақлидӣ оид ба мубориза бо хариду фурӯши одамон, Сафеддара, Тоҷикистон, 28 октябри соли 2021. (САҲА/Дидор Саъдуллоев) Суратро кушодан
Дафтари барномаҳо субъектҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро дар беҳтар намудани дастрасӣ ба адолат барои қурбониёни хариду фурӯши одамон дастгирӣ мекунад. Дафтари барномаҳо татбиқи Нақшаи миллии амал оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамонро барои солҳои 2019-2021 дастгирӣ мекунад. Он ҳамоҳангсозии самарабахши байниидоравӣ байни ҷонибҳои манфиатдори ҳукуматро дастгирӣ мекунад ва мекӯшад, ки таҷрибаи ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути гузаронидани чорабиниҳои платформаи муколамавӣ дар механизмҳои вокуниши миллӣ истифода шавад. Дафтар дар таҳкими иқтидори субъектҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки бо мубориза бо хариду фурӯши одамон сарукор доранд, ҳамкорӣ мекунад. Ғайр аз он, Дафтар кори Механизмҳои миллии бозравонии қурбониёни хариду фурӯши одамонро дар кишвар дастгирӣ мекунад. Дафтар омода аст, ки огоҳии мардумро дар бораи масъалаҳои пешгирии хариду фурӯши одамон ва расонидани хизматҳои дастгирӣ ба қурбониён баланд бардорад