Фаъолияти экологӣ
Коҳиши хавфи офатҳои табиӣ
Лоиҳаи нави коҳиши хатароти офатҳои табиӣ, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳо таҳия шудааст, ба таҳкими устувории ҷомеаҳо ва баланд бардоштани қобилияти вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ равона шудааст. Бо кӯмаки худ ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Дафтар дар дохили Кумита иқтидори институтсионалии таълимӣ фароҳам меорад. Ин роҳбаладии тренерон ва таҳияи маводи методӣ ва таълимиро барои баланд бардоштани сифат ва васеъ намудани миқёси омӯзише, ки ба мутахассисони Кумита ба таври марказонидашуда ва бахусус дар минтақаҳо пешниҳод карда мешаванд, дарбар мегирад. Илова бар ин дастгирӣ чорабиниҳои пешгирии офатҳои табиӣ ва рафъ намудани оқибатҳои онҳо, аз ҷумла монеасозӣ ба ҷараёни селоба ва зина-зинакунии нишебиҳои кӯҳҳо гузаронида мешаванд. Ҳамчунин якҷоя бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияҳои ба хатароти офатҳои табии осебпазир чорабиниҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ гузаронида мешаванд. Дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо, Дафтар инчунин ташаббуси калонмиқёси эҳё кардани маркази таълимии Кумитаро дар Қаратоғ дар шимолу ғарби кишвар барои гузаронидани курсҳо оид ба гузаронидани чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ оғоз намуд.
Идоракунии захираҳои обӣ ва амнияти энергетикӣ
Захираҳои кофии обӣ ва амнияти энергетикӣ дар Тоҷикистон ҳадафи ниҳоии стратегияи дарозмуддати рушд мебошанд, ки болоравии сатҳи зиндагии аҳолиро дар асоси рушди устувори иқтисодӣ то соли 2030 пешбинӣ мекунад. Ҳарду аз якдигар ҷудонашавандаанд. Аз ин рӯ, истифодаи устувори захираҳои обу энергетикӣ барои рушди экологӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар аҳамияти муҳими стратегӣ дорад.
Барои дастгирии Тоҷикистон дар идоракунии устувори захираҳои гаронбаҳои обӣ, Дафтари барномаҳо дар татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи об фаъолона ширкат меварзад. Дафтар ба таҳияи қонунгузорӣ тавассути кӯмак расонидан ба таҳияи асноди меъёрию ҳуқуқӣ ба Кодекси оби навқабулшуда мусоидат менамояд, ки ин боиси идоракунии беҳтари захираҳои об мегардад.
Илова бар он, Дафтар барои тақвияти нақш ва иштироки занон дар бахши об талош меварзад. Барои ин, САҲА нияти дастгирии Форуми ҳавзаи Сирдарёро дорад, ки тавассути он занон афкор, нигарониҳо ва ақидаҳои худро иброз менамоянд ва назари худро ба идоракунии беҳтари захираҳои обӣ дар Тоҷикистон муҳокима мекунанд. Гузашта аз ин, Дафтар барои пешниҳоди таъсис додани форумҳои шабеҳи занон дар ҳавзаҳои дигар дарёҳо кӯшиш хоҳад кард.
Дастрасии умумӣ ба оби тозаи нӯшокӣ, санитария ва хизматрасонии кифояи гигиенӣ барои тансиҳатӣ, некӯаҳволӣ ва рушди аҳолӣ муҳим аст. Бинобар ин, такмил додани вазъи санитарӣ, хусусан дар деҳоти Тоҷикистон, ба замина гузоштан ба ноил шудан ба устуворӣ саҳми назаррас мегузорад. Дар соли 2020 Дафтари барномаҳо барои муайян кардани масъалаҳои асосии санитарӣ дар деҳот тадқиқоти ғоибона гузаронд. Аз рӯи натиҷаҳо дар солҳои наздик дар соҳаҳои интихобшудаи мақсаднок тадбирҳои санитарӣ муайян ва татбиқ карда мешавад.
Дафтари барномаҳо тавассути дар Тоҷикистон доир намудани курси омӯзишӣ дар бораи моҳияти таҳия ва таҳлили тадқиқот дар соҳаи идоракунии захираҳои обӣ зарфияти ҷавононро, аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тақвият дод. Мақсади таҳкими зарфият аввал аз такмил додани малакаҳои тадқиқотии иштирокчиён ва дуюм, аз мусоидат кардан ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҳия намудани сиёсати устувор дар соҳаи об дар муддати тӯлонӣ иборат аст.
Ниҳоят, Дафтари барномаҳо Тоҷикистонро дар татбиқи Стратегияи миллии рушд оид ба амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯ, бахусус дар минтақаҳои дурдасти деҳот берун аз шабакаи миллии нерӯи барқ, тавассути тармиму таҷдиди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ва насби манбаъҳои барқароршавандаи нерӯ барои истеҳсоли нерӯи барқ дастгирӣ мекунад. Ҳамин тавр, дар тӯли якчанд сол Дафтар се нерӯгоҳҳои хурди барқи обиро дар водии Рашт тармимку таҷдид кард ва панҷ (5) деҳаи водии Зарафшони боло ва ду (2) деҳаи ноҳияи Ваҳдатро бо батареяҳои фотоэлектрикӣ ва батареяҳои гармидиҳандаи офтобӣ таъмин кард.