Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Назорати яроқу аслиҳа
Бо мақсади кумак ба Ҳукумати Тоҷикистон дар такмил додани механизмҳои назорати силоҳ ва идоракунии захираҳои он, Дафтари барномаҳо бо сохторҳои салоҳиятдори Тоҷикистон дар самтҳои зерин ҳамкорӣ мекунад: баланд бардоштани бехатарии физикии яроқи сабуки оташфишон ва лавозимоти ҷангии муқаррарӣ ва тадбирҳои идоракунии захираҳои онҳо, татбиқи Конвенсияи Оттава (дар бораи манъи истифода, захира, истеҳсол ва интиқоли минаҳои зидди қӯшунҳои пиёдагард ва нобудсозии онҳо), инчунин қатъномаи 1540 Шӯрои Амнияти СММ дар бораи паҳн накардани силоҳи қатли ом ва воситаҳои ҳамлу нақли онҳо. Кумаки Дафтари барномаҳо дар ин самт гуногунҷабҳа ва ҳадафнок мебошад. Кӯмак дастгирии техникӣ (таҷдиди амнияти инфрасохтор/таъминоти таҷҳизот), маслиҳати коршиносон дар такмили бахшҳои дахлдори асноди ҳуқуқӣ ва инчунин баланд бардоштани иқтидори миллии омӯзишӣ бо ҳадафи умумии таъмини устувории натиҷаҳо ва моликияти миллиро дар оянда дарбар мегирад.