САҲА Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бознигарии лоиҳаи Қонун «Дар бораи милитсия» дастгирӣ мекунад
Аз 22 то 26 октябр Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) ба Вазорати корҳои дохилӣ дар гузаронидани ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба бознигарӣ ва такмили лоиҳаи Қонун «Дар бораи милитсия» дар ноҳияи Ховалинг мусоидат намуд. Гурӯҳи корӣ аз 17 намояндаи вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия ва молия иборат буд. Онҳо гузориши пешниҳодкардаи мушовири байналмилалиро баррасӣ карданд, ки дар он муқаррароти лоиҳаи қонуни мавҷуда баҳогузорӣ шуда, тавсияҳо оид ба рафъи камбудиҳои эҳтимолиро дар бар мегирад.
Ҳадафи вохӯрӣ таҳияи лоиҳаи ниҳоии Қонун «Дар бораи милитсия» буд, ки муаррифии он дар мизи мудаввар ба нақша гирифта шудааст, ки 27-28 ноябри соли 2024 дар ноҳияи Ховалинг бо иштироки сохторҳои давлатӣ ва ҳамкорони байналмиллалӣ баргузор мегардад.
Чорабинии мазкур дар доираи кӯшишҳои доимии Дафтари барномаҳо оид ба дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди ислоҳоти милитсия ва рушди бахши ҳифзи ҳуқуқ мебошад.