Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
Волоияти қонун
Ин самти кори Дафтари барномаҳо ба таҳкими иқтидори ҳукумат дар таҳияи асноди қонунгузорӣ ва механизмҳои дахлдор барои барномаҳои санҷиш (пробатсия), арзёбии хавфҳо, офиятбахшӣ ва ба ҷомеа аз нав шомилкунии ҷинояткорони калонсол ва ноболиғ равона шудааст. Қисми ин кор ба мусоидат ва дастгирии таъсиси механизмҳои ҳифзи муносибат ва шароитҳои муносиби нигоҳдории боздоштшудагон ва маҳбусон, аз ҷумла ба баровардани ҷазои алтернативӣ, офиятбахшӣ ва ба ҷомеа аз нав шомилкунӣ нигаронида мешавад. Дафтар барои гурӯҳи кории байниидоравӣ кумаки техникӣ ва платформаи муколама фароҳам меорад. Гурӯҳ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносон оид ба татбиқи барномаи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иборат аст. Дафтар ба гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти системаи таъмини адолати судӣ нисбати кӯдакон кӯмаки таҳкими зарфият мерасонад. Барнома як қисми татбиқи Нақшаи миллии амал оид ба ислоҳоти низоми татбиқи адлия нисбати ноболиғон барои солҳои 2017-2021 мебошад. Дар ҳамкории зич бо Маркази таълимии Суди Олӣ Дафтари барномаҳо барои таҳияи маълумотномаи судӣ оид ба идоракунии парвандаҳои марбут ба фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ кӯмак мерасонад. Кӯмак дастгирии таҳкими зарфияти судяҳоро дар идоракунии чунин парвандаҳо дар бар мегирад. Дафтар ба таъсиси як воҳиди истеҳсолӣ дар колонияи занонаи Норак кӯмак кард ва дастгирии онро идома медиҳад. Кӯмак ташкили синфҳои омӯзишӣ барои таълими касбии маҳбусонеро дарбар мегирад, ки ба воҳиди истеҳсолӣ ҷалб карда шудаанд. Дафтар ба кори Шӯрои ҳамоҳангсозии ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мусоидат мекунад, ки дар он мақомоти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон ва ташкилотҳои байналмилалӣ нақшаҳо ва чорабиниҳои ислоҳоти системаи иҷрои ҷазоро ҳамоҳанг мекунанд.