САҲА ба воҳидҳои милитсия оид ба масоили гендерӣ ва кормандони Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вокуниши муассиртар ба зӯроварӣ дар оиларо таълим дод
Аз 8 то 9 апрели соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 21 афсари милитсия, аз ҷумла кормандони 19 воҳид оид ба масоили гендерӣ (13 зан ва 8 мард) омӯзиши дурӯза баргузор намуд. Курси таълимӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ба баланд бардоштани дониши иштирокчиён оид ба вокуниши муассир ба ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила бо таваҷҷӯҳ ба ҷабрдида нигаронида шудааст.
Иштирокчиён фаҳмиши худро дар бораи асосҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, баробарии гендерӣ ва таъсири қолабҳои зараровари гендерӣ, ки ба зӯроварии гендерӣ ва хонаводагӣ мусоидат мекунанд, такмил доданд. Дар ин курс ҳамчунин масъалаҳои озори ҷинсӣ, расмиёти милитсия барои сари вақт муайян кардан, бозравонӣ кардан ва ҳифзи ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, инчунин усулҳои гузаронидани тафтишот дар асоси далелҳо баррасӣ шуданд.
Ҳадафи омӯзиш мусоидат намудан ба вокуниши беҳтари милитсия, ҳифзи беҳтари наҷотёфтагон ва бозравонии муассир ба мақомоти офиятбахши дахлдор мебошад.