САҲА иқтидори роҳбарони Марказҳои дастгирии занони Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавассути омӯзиши интерактивӣ оид ба таҳияи лоиҳа, идоракунӣ ва ҷалби захираҳо тақвият медиҳад
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе курси омӯзишии панҷрӯзаро оид ба таҳияи лоиҳаҳо, идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва ҷамъоварии маблағҳо ташкил намуд, ки аз 16 то 20 декабри соли 2024 баргузор гардид. Дар маҷмӯъ 14 роҳбари Марказҳои захиравии занон, аз чумла 9 нафар занон дар курс иштирок карданд ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ мешаванд.
Омӯзиш доираи васеи мавзӯъҳо, аз ҷумла тарҳрезӣ ва ҷузъҳои пешниҳодҳои лоиҳавӣ, буҷети лоиҳа, таҳияи ҳисоботҳои босифати тавсифӣ ва молиявӣ, малакаҳои тадқиқотӣ, усулҳои таҳлили маълумот, банақшагирии стратегӣ ва рушди созмонро фаро гирифт. Иштирокчиён дар машқҳои амалӣ иштирок карданд, ки аҳамияти банақшагирии стратегиро дар рушди созмон, сафарбаркунии захираҳо (фандрайзинг), идоракунии муносибатҳо бо донорҳо, бозори дохилии донорҳо, имкониятҳои худмаблағгузорӣ (тиҷоратӣ), унсурҳои худмаблағгузорӣ, соҳибкории иҷтимоӣ, шарикӣ бо бахши тиҷорат ва малакаҳои идоракунӣ ва роҳбарӣ нишон доданд. Иштирокчиён на танҳо ҷанбаҳои назариявии ин мавзӯъҳоро омӯхтанд, балки дар машқҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ низ барои баланд бардоштани маҳорати худ дар таҳияи лоиҳаҳо, идоракунӣ, ҳисоботдиҳӣ ва ҷамъоварии маблағ ширкат карданд.
Моҳсимо Абдушаҳидова, директори Маркази захиравии занони «Занони Шарқ» барои семинари пурсамаре, ки САҲА барои роҳбарони марказҳои захиравии дастгирии занон ташкил кардааст, изҳори сипос намуд. Ӯ тамаркузи онро ба таҷрибаи амалӣ ва малакаҳои роҳбарӣ, ки мавзӯъҳои муҳимро дар бар мегирад, ба монанди пешниҳодҳои лоиҳавӣ, буҷетсозӣ, ҳисоботдиҳӣ, тадқиқот, таҳлили маълумот, банақшагирии стратегӣ, соҳибкории иҷтимоӣ ва фандрайзинг таъкид кард. Абдушаҳидова қайд кард, ки фаҳмиши ба даст овардашуда дар оянда хизматрасонии онҳоро ба мизоҷон ба таври назаррас беҳтар хоҳад кард.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила дар саросари минтақаҳо тавассути шабакаи иборат аз 13 Маркази захиравии занон, ки аз ҷониби САҲА таъсис ёфтааст, дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дастгирӣ мекунад. Ин лоиҳаи таҳти унвони “Дастгирӣ ва таҳкими Марказҳои захиравии занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” идомадошта аз ҷониби Норвегия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Финландия, Иттиҳоди Аврупо, Андорра ва Олмон маблағгузорӣ мешавад.