САҲА як силсила омӯзишҳои омӯзгоронро барои кормандони давлатӣ оид ба пешгирӣ ва идоракунии ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила ташкил кард
Аз моҳи август то декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила омӯзишҳои серӯзаро барои роҳбаладон дар саросари кишвар баргузор намуд. Дар маҷмӯъ 231 корманди давлатӣ, аз ҷумла 185 зан ва 46 мард ширкат варзиданд. Онҳо дар муассисаҳое кор мекунанд, ки ба пешгирӣ ва вокуниш ба хушунати хонаводагӣ ҳам дар сатҳи марказӣ ва ҳам дар маҳалҳо машғуланд. Иштирокчиён мақомоти гуногунро, аз қабили Кумитаи кор бо занон ва оида, Комиссияи ҳуқуқи кӯдакон, Вазорати корҳои дохилӣ, Суди Олӣ, Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ намояндагӣ карданд. Онҳо аз даҳ шаҳру ноҳия, аз ҷумла Душанбе, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ омада буданд.
Дар омӯзиш доираи васеи мавзӯъҳои марбут ба баробарии гендерӣ, масъулияти муассисаҳо дар татбиқи қонунгузории дахлдор, амалҳои мурофиавӣ, таҷрибаҳои пешқадам барои ҳамоҳангсозии ташкилӣ ва ҳамкорӣ, бозравонӣ ва дастгирии ҷабрдидагон, усулҳои ба ҷабрдида нигаронидашуда ва стратегияҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ баррасӣ шуданд. Мақсади омӯзиш омода намудани роҳбаладони миллӣ аз мақомоти дахлдори давлатӣ барои гузаронидани машғулиятҳои баланд бардоштани сатҳи огаҳӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва идоракунии самараноки ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила буд.
Ин иқдом бо ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи дастурамалҳои САҲА оид ба пешгирӣ ва мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон, аз ҷумла зӯроварӣ дар оила мувофиқат мекунад.