САҲА доир ба гузаронидани омӯзиш оид ба ростқавлӣ ва муқовимат ба коррупсия дастгирӣ менамояд
Рӯзҳои 8-9 ноябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе омӯзиши дурӯзаро доир намуд, ки ба ростқавлӣ ва муқовимат ба коррупсия нигаронида шудааст. Дар тренинг 17 нафар намояндагони Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, инчунин Кумитаи меъморӣ ва сохтмон иштирок карданд. Машғулиятҳои омӯзишӣ аз ҷониби ҳашт муаллими Академияи идоракунии давлатӣ (АИД) дар шаҳри Душанбе дар Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомотҳои муқовиматкунанда ба коррупсияи АИД гузаронида шуданд.
Дар рафти чорабинӣ иштирокчиён бо унсурҳои муҳими ҳуҷҷати асосии стратегӣ – Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 шинос шуданд. Онҳо қонунгузории миллии оид ба муқовимат ба коррупсия, аз ҷумла Қонуни соли 2020 «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» ва Қонуни соли 2012 «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро баррасӣ карданд. Дар омӯзиш ҳамчунин мавзӯъҳо аз қабили ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва равонии коррупсия, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ва баррасии таҷрибаи хориҷӣ ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ фаро гирифта шуданд.
Ин чорабинӣ ҷамъбасти силсилаи омӯзишҳои махсусгардонидашуда мебошад, ки имсол барои хизматчиёни давлатии соҳаҳои гуногун ташкил карда шудааст. Шурӯъ аз соли оянда муаллимони АИД бо истифода аз модулҳои омӯзишии нав таҳияшуда чунин омӯзишҳоро оид ба ростқавлӣ ва муқовимат ба коррупсия мегузаронанд.
Фаъолияти мазкур дар доираи дастгирии пайвастаи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди идоракунии самарабахш ва татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.