САҲА семинар барои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба натиҷаҳои асосии даври панҷуми мониторинги ислоҳоти зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кард
Аз 16 то 17 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе семинари дурӯзаро мизбонӣ кард, ки ба хулосаҳои “Ҳисоботи ибтидоӣ аз даври панҷуми мониторинги ислоҳоти зиддикоррупсионӣ дар Тоҷикистон. Нақшаи Истамбулии амалҳои мубориза бар зидди коррупсия» нигаронида шудааст. Ин ҳисобот аз ҷониби Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР) дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ таҳия шудааст. Чорабинии мазкур 19 намоянда аз ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҶШ) ва ҷавононро гирди ҳам овард ва дар он чор мушовири миллӣ аз Эътилофи ТҶШ оид ба шаффофият ва муқовимат ба коррупсия дар Душанбе роҳбаладӣ карданд.
Дар Ҳисоботи ибтидоӣ кӯшишҳои ислоҳоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар соли 2023 қайд карда шудаанд, ки нӯҳ самти баҳодиҳиро дар бар мегиранд. Он сиёсати зиддикоррупсионии кишвар ва самаранокии ниҳодҳои махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия, покниҳодӣ дар тиҷорат, хариди давлатӣ, ҳокимияти судӣ ва мақомоти прокуратура, ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин ҳимояи хабаррасонҳо, масъалаҳои бархӯрди манфиатҳо ва эъломиякунонии дороиҳоро арзёбӣ мекунад. Ҳисобот бо забонҳои англисӣ ва русӣ дар вебсайти СҲИР дар бахши Baseline Report of the Fifth Round of Monitoring of Anti-Corruption Reforms in Tajikistan | OECD (Гузориши ибтидоии даври панҷуми мониторинги ислоҳоти зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон | СҲИР) дастрас аст. Мониторинги навбатии Шабакаи зиддикоррупсионии СҲИР соли 2026 пешбинӣ шудааст.
Дар рафти семинар иштирокчиён бо арзёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи индикаторҳо ва нишондиҳандаҳои назоратӣ дар нӯҳ самти дар боло зикршуда шинос шуданд. Онҳо дар мавриди тадбирҳои эҳтимолӣ ҷиҳати баланд бардоштан ва ноил шудан ба мутобиқати Тоҷикистон ба ин нишондиҳандаҳо баҳсу мунозира карданд. Чор мушовири миллӣ аз ТҶШ дар таҳияи саҳми худ ба Нақшаи миллии амал барои солҳои 2025-2026 бо назардошти натиҷаҳои ҳисобот ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Чорабинии мазкур дар доираи дастгирии доимии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои мусоидат ба идоракунии самаранок ва мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба таҳкими ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати баланд бардоштани шаффофият ва ҳисоботдиҳии ҷомеа нигаронида мешавад.