САҲА баргузор намудани конфронси таҷлили Рӯзи байналмилалии муқовимат ба коррупсия ва Рӯзи ҳуқуқи инсонро дастгирӣ кард
4 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ ҳамчун воситаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини самаранокии идоракунии давлатӣ: вазъ ва дурнамо». Дар ин конфронс 69 намояндаи мақомоти давлатӣ, донишкадаҳо ва коршиносони байналмилалӣ барои баррасии таъсири коррупсия ба ҳуқуқи инсон, кӯшишҳои мубориза бо коррупсия дар идоракунии давлатӣ, масоили муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ширкат варзиданд.
Илова ба расонидани дастгирии техникӣ ва маъмурӣ, Дафтари барномаҳо се сухангӯи байналмилалиро барои иштирок дар ҷаласае, ки ба мубориза бо коррупсия ва идоракунии самаранок нигаронида шудааст, даъват кард. Сухангӯёни мазкур кори худро дар мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла мубориза бо коррупсия дар соҳаи тандурустӣ, истифодаи шаффофияти буҷет ҳамчун василаи густариши идоракунӣ ва коҳиши коррупсия ва такмили ихтисос ҳамчун василаи рушди малакаҳои зиддикоррупсионии кормандони соҳаи давлатӣ муаррифӣ карданд. Ғайр аз ин, намояндаи Котиботи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд натиҷаҳои асосии Гузориши ибтидоии даври панҷуми мониторинги ислоҳоти зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ кард.
Чорабинии мазкур дар доираи кӯшишҳои доимии Дафтари барномаҳо оид ба дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди идоракунии самаранок ва татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ сурат гирифт.