САҲА мизи мудаввар оид ба татбиқи Стратегияи иқтисоди сабзро доир намуд
30 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе семинари якрӯза доир намуд, ки ба татбиқи Стратегияи иқтисоди сабз ва Нақшаи чорабиниҳои марбути он нигаронида шудааст. Чорабинии мазкур идомаи мантиқӣ ва ҷамъбасти чорабиниҳои барои соли 2024 ба нақша гирифташуда, пас аз як қатор маш-улиятҳои иттилоотии минтақавӣ буд, ки ба наздикӣ баргузор гардид.
Дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинар тақрибан 60 нафарро, ки ҳам мақомоти давлатӣ ва ҳам созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро намояндагӣ мекунанд, гирд овард. Чорабинӣ барои табодули афкор, муҳокимаи рафти татбиқи Стратегия ва муайян кардани қадамҳои минбаъда дар мувофиқа бо Нақшаи амалҳои мавҷуда замина фароҳам овард. Иштирокчиён инчунин тавсияҳои эҳтимолиро барои таҳияи Нақшаи чорабиниҳои навбатӣ, ки таҳияи он дар соли оянда пешбинӣ шудааст, омӯхтанд.
Семинари мазкур ба ӯҳдадории васеътари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷиҳати дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи қонунгузорӣ ва сиёсатҳои экологӣ мувофиқат мекунад. Он дар доираи силсилаи ташаббусҳо баргузор гардид, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи татбиқи Стратегияи иқтисоди сабз дар саросари минтақаҳо дар тӯли сол равона шуда буданд.