Манбаъҳо
Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулодда ва Мудофиаи Граждании Назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Гузориши мазкур дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Кумита) таҳия шудааст. Он маълумотро дар бораи такмил додани фаъолияти Кумита дар соли 2018, тавсифи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи гражданӣ, чорабиниҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳиро дар бар мегирад. Гузориш ҳамчунин маълумотро дар бораи баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва ҳамкорӣ бо ВАО, ҳамкории байналмилалӣ, такмили ихтисоси кормандони Кумита ва дурнамои рушди институтсионалиро барои соли 2019 фаро мегирад. Гузориш бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дастрас аст.
Ақидаву афкор, нуқтаи назар, хулосаҳо ва дигар маълумоте, ки дар ин санад дарҷ ёфтаанд, ҳатман бо нуқтаи назари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мувофиқат намекунанд, ба ғайр аз он ҳолатҳое, ки возеҳан гуфта шудааст, ки САҲА муаллифи ин санад аст.