САҲА барои дастгирии Стратегияи иқтисоди сабз дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулиятҳои иттилоотӣ ва семинарҳо ташкил кард
Аз моҳи ноябри соли 2024 то декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе як силсила машғулиятҳои иттилоотиро барои мақомоти маҳаллии давлатии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар минтақаҳои гуногун ташкил намуд. Машғулиятҳои мазкур дар шаҳрҳои Дарвоз, Ғарм, Кӯлоб, Бохтар ва Хуҷанд баргузор шуданд, ки тақрибан 150 нафар (119 мард ва 31 зан) намояндагони 12 зербахши дар Стратегияи «Иқтисоди сабз» муайяншуда ҷалб намуданд.
Ҳадафи машғулиятҳои мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи Стратегияи иқтисоди сабзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипҳои устувории он бо ҳадафи асосии пешбурди ташаббусҳои сабз дар ҷомеаҳои маҳаллӣ буд. Барнома мубоҳисаҳои назариявӣ, презентатсияҳои аёнӣ, ки таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва имкониятҳои табодули фаъоли донишҳоро нишон медиҳанд, иборат буд. Намояндагони Марказҳои Орхус дар шаҳрҳои Бохтар, Душанбе ва Хуҷанд (ду мард ва як зан) низ дар чорабиниҳо иштирок намуда, лоиҳаҳои иқтисоди сабзи худро муаррифӣ намуданд.
Ташаббуси мазкур дар доираи уҳдадории васеътари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе оид ба кӯмак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи қонунгузорӣ ва сиёсати экологӣ баргузор гардид. Он дар доираи як қатор чорабиниҳое сурат гирифт, ки барои мусоидат ба татбиқи Стратегияи иқтисоди сабз дар саросари кишвар дар давоми сол пешбинӣ шудааст.