САҲА машғулиятҳои омӯзиширо дар мавзӯи “Механизми миллии бозравонии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон” доир намуд ва машваратҳоро оид ба Нақшаи нави миллии муқовимат ба хариду фурӯши одамон дастгирӣ кард
Аз 11 сентябр то 4 октябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе як силсилаи панҷ машғулиятҳои омӯзиширо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ баргузор намуд. Ҳадафи машғулиятҳои омӯзишии мазкур тавонмандсозии 104 нафар иштирокчиён (63 мард, 41 зан) аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ ва аъзои Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон иборат буд. Омӯзиш ба татбиқи самараноки Механизми миллии бозравонии ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ва таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба пешгирӣ ва вокуниш ба хариду фурӯши одамон дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ нигаронида шуда буд.
Дар машғулиятҳо ҷанбаҳои назариявии ошкор ва бозравонии парвандаҳои марбути хариду фурӯши одамон фаро гирифта шудаанд, инчунин машқҳои амалие, ки барои тавонмандсозии иштирокчиён дар ҳалли парвандаҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд, гузаронида шуданд. Илова бар ин, дар омӯзиш камбудиҳои мавҷуда дар бозравонии ҷабрдидагон ба хадамоти дастгирӣ ва стратегияҳои пешниҳодшуда барои бартараф кардани ин монеаҳо баррасӣ карда шуданд.
Илова бар ин, чорабиниҳо ба машваратҳо байни гурӯҳи кории ҳукумат ва аъзоёни Комиссияи байниидоравӣ дар сатҳҳои марказӣ ва маҳаллӣ мусоидат намуданд. Машваратҳо ба таҳияи Нақшаи нави миллӣ оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон бахшида шуда, аз ҷониби иштирокчиён як қатор тавсияҳо барои ворид намудан ба нақшаи нав пешниҳод карда шуданд.
Ин кӯшишҳо дар чорчӯбаи дастгирии САҲА ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Нақшаи миллии амал оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон барои солҳои 2022-2024 мутобиқи ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар доираи САҲА оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба ҳама шаклҳои хариду фурӯши одамон сурат гирифтанд.