САҲА Платформаи муколамаро оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон доир намуд
17 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Маркази муқовимат ба хариду фурӯши одамон дар назди Вазорати корҳои дохилӣ Платформаи дуюми муколама оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон дар давоми сол доир намуд. Дар чорабинӣ намояндагони ҳукумат, аъзои Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд.
Муҳокимаҳо ба дастовардҳои назаррас дар татбиқи Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон (солҳои 2022-2024) ва инчунин хулосаҳои охирини мониторинги бо дастгирии САҲА суратгирифта бахшида шуданд. Ин бозёфтҳо ҳам пешравиҳои бадастомада ва ҳам соҳаҳоеро нишон доданд, ки ба андешидани чораҳои зидди одамфурӯшӣ дар сатҳи маҳаллӣ ниёз доранд. Дар оянда иштирокчиён лоиҳаи Нақшаи миллии амал оид ба муқовимат ба хариду фурӯши одамон барои солҳои 2025-2027-ро баррасӣ намуда, ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба ҳама шаклҳои хариду фурӯши одамон тасдиқ намуданд.
Ин иқдом ба ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди САҲА дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба ҳама шаклҳои хариду фурӯши одамон мувофиқат мекунад.