САҲА 30-умин солгарди Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуотро дар Тоҷикистон таҷлил мекунад
3 майи соли 2023 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар шаҳри Душанбе якҷоя бо шарикони миллӣ ва байналмилалии худ Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуотро таҷлил намуд. Мавзӯи имсолаи «Ташаккули ояндаи ҳуқуқ. Озодии баён ҳамчун муҳаррики тамоми дигар ҳуқуқҳои инсон» барои ширкаткунандагон як платформаи муоширати дубора, таъсиси шабака, табодули таҷриба, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва муҳокимаи вазъи кунунии масоили ВАО дар Точикистон фароҳам овард.
Дар конфронс намояндагони баландпояи ҳукумати Тоҷикистон, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои хабарӣ ширкат доштанд. Дафтари барномаҳо конфронсро дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, INTERNEWS, Сафорати ИМА, Сафорати Британияи Кабир, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Сафорати Олмон, Сафорати Фаронса, Дафтари Ҳамоҳангсози СММ дар Тоҷикистон ва ЮНЕСКО ташкил намуд.
Дар чорабинӣ як қатор муҳокимаҳои панелӣ, маърӯзаҳои асосӣ ва семинарҳо баргузор шуданд. Иштирокчиён инчунин мушкилот ва имкониятҳои соҳаи ВАО дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Семинарҳои минбаъда оид ба рушди ВАО, таълими журналистика ва гузоришдиҳӣ, ки ҳадафи он муҷаҳҳаз кардани рӯзноманигорон бо малакаҳои зарурӣ барои пешрафт дар фазои зудтағйирёбандаи ВАО мебошад, аз ҷумлаи таваҷҷӯҳи конфронс буд.
Дар сухани ифтитоҳии худ намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Заррина Исмоилзода зикр кард, ки дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, матбуот яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум буда, нақши он дар раванди демократикунонӣ ва ташаккули афкори ҷомеа хеле муҳим мебошад. Ӯ инчунин қайд кард, ки фаъолияти ВАО асосан ба Конститутсия, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст фаъолият мекунанд.
«Дар САҲА мо комилан бовар дорем, ки озодии баён ва озодии ВАО ҳуқуқҳои асосии инсонро ташкил медиҳанд. Татбиқи ин принсипҳо минбаъд низ ба суботу рушд ва шукуфоӣ хизмат мекунад», гуфт Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Тея Ҷалиашвилӣ дар суханронии ифтитоҳии худ.
«Дар Тоҷикистон ва дар саросари ҷаҳон матбуоти мустақил як унсури асосии бунёди демократия мебошад. Мо кумаки худро барои рушди касбии рӯзноманигорон дар Тоҷикистон аз тариқи барномаҳои табодул, дарсҳои забони англисӣ, сафарҳои гузоришдиҳӣ ва дастгирии техникии расонаҳо идома хоҳем дод. Мо ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон даъват хоҳем кард, ки аз ҳуқуқи хабарнигорон ҳимоят кунад ва ба озодии баёни онҳо эҳтиром гузорад. Мо ҳамчун дӯстон ва шарикон омодаем, ки кумак кунем», гуфт Сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ҳангоми суханрониаш дар конфронси бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот дар Душанбе.
Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Точикистон Эрик Лебедел-Делюмо изҳор дошт, ки кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо аҳди комил доранд, ки бо ҳукуматҳо, расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳкими озодии матбуот дар Тоҷикистон ва дар саросари ҷаҳон ҳамкорӣ кунанд. Онҳо афзуданд, ки дар Душанбе сафирони Иттиҳодияи Аврупо ба ин изҳорот ҳамроҳ шудаанд.
«Озодии баён ин ҳақи изҳори назар ва ҳуқуқи мо барои ширкат дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дарёфту паҳн кардани иттилоъи дақиқу босифат аст, ки барои мо журналистон аз ҳуқуқҳои асосӣ ва зербиноӣ маҳсуб мегардад», изҳор дошт Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Ализода Ҳуриннисо. «30 солагии Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуотро ҷашн гирифтани журналистони тоҷик маънои онро дорад, ки кишвари мо ҳамчун узви СММ ин ҳуқуқи моро эҳтиром мегузорад», илова намуд Ализода Ҳуриннисо.