Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе конфронси байналмилалии Рӯзи озодии матбуотро баргузор кард
5 майи соли 2022 рӯзноманигорон ва коршиносони ВАО аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Литва, Олмон ва Британияи Кабир дар як конфронси байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот дар Душанбе ҷамъ омаданд.
Дар конфронси мустақим ва онлайнӣ ҳудуди 150 рӯзноманигори тоҷик ва байналмилалӣ, намояндагони воломақоми ҳукуматҳо, парлумон ва ҷомеаи шаҳрвандии даҳ кишвар гирд омаданд, ки аксарият тавонистанд дар Душанбе ширкат кунанд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Дафтари Ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Дафтари ЮНЕСКО дар Алмаато ва Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» баргузор карда шуд. Ҳамчунин Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, Шабакаи Интерньюс дар Тоҷикистон ва сафоратхонаҳои Фаронса, Олмон, Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин чорабиниро дастгирӣ карданд.
Пас аз фосилаи дусола бар асари пандемияи COVID-19, ширкаткунандагони конфронс ба масъалаҳои озодии ВАО ва ҷомеаи журналистӣ таваҷҷӯҳ карданд, ки ба таҷлили дастовардҳои мутахассисони ВАО аз Тоҷикистон ва минтақа нигаронида шудаанд. Конфронс инчунин барои шарикон ва ҷонибҳои манфиатдор барои ҷамъ омадан ва пешниҳоди ҳалли мушкилоти мубрами давраи рақамӣ платформаи амалиро фароҳам овард.
Яке аз муҳимтарин натиҷаҳои конфронс маҷмӯи тавсияҳо оид ба озодии ВАО дар кишвар, аз ҷумла оид ба ҳифзи он буд, ки аз ҷониби иштирокчиён қабул шуда буд: Пешниҳоди роҳҳои ҳалли ҳамаҷонибаи институтсионалии мушкилоти ҷомеаи ВАО, аз қабили мубориза бо иттилооти бардурӯғ ва дар маҷмӯъ, паст шудани эътимод ба ВАО; Баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ВАО; Ташвиқ намудани сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва тиҷоратӣ ба таҳкими ҳамкорӣ бо ВАО-и давлатӣ ва ғайриҳукуматӣ, беҳтар хабардор намудани ҷомеаи Тоҷикистон аз рӯйдодҳои муҳими соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ; Таҳкими иқтидори хадамоти матбуотии мақомоти давлатӣ тавассути баланд бардоштани тахассус ва васеъ намудани малакаҳоии кормандони касбии онҳо; ва, Таъмини дастрасии кушод ба маълумот дар бораи шахсони ҳуқуқӣ.
Конфронс дар Душанбе аз ҷониби ЮНЕСКО дар чаҳорчӯбаи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот доир гардид.