Кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути сафари табодули таҷриба ба Белгия малакаҳои безараргардонии маводи таркандаро такмил медиҳанд

Ба наздикӣ коршиносон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон сафари арзишманди табодули таҷрибаро ба Белгия анҷом доданд, ки ба баланд бардоштани иқтидори онҳо дар самти безараргардонии маводи тарканда нигаронида шуда буд. Сафар, ки аз 10 то 14 феврали соли 2025 сурат гирифт, бо мусоидат ва дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва мизбонии Шоҳигарии Белгия бо иштироки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом дода шуд.
Ҳайати вакилони Осиёи Марказӣ ба се иншооти махсусгардонидашудаи безараргардонии маводи таркандаи Белгия: казармаҳои Меердаал, казармаҳои Поэлкапелле ва казармаҳои Зебрюгге ташриф оварданд. Иншоотҳои мазкур барои шиносоӣ бо тахассусҳои гуногуни безараргардонии маводи тарканда, аз қабили фармондеҳӣ ва назорат, безараргардонии яроқу аслиҳаи муқаррарӣ, безараргардонии дастгоҳҳои худсози тарканда, рафъи оқибатҳои истифодаи силоҳи кимиёвӣ ва амалиёти зериобӣ имконият фароҳам оварданд. Иштирокчиён тавассути мубоҳисаҳои интерактивӣ ва мушоҳидаи машқҳои амалӣ дар бораи муносибати бисёрҷанбаи Белгия ба вазифаи безараргардонии маводи тарканда маълумоти ҳамаҷониба гирифтанд.
Сафари табодули таҷриба ба шарикони Осиёи Марказӣ имкон дод, ки аз таҷриба ва дарсҳои беҳтарини ҳамтоёни Белгивии худ омӯхта, ҳамзамон бо таҷрибаҳои худ шинос намоянд. Таваҷҷӯҳ ба идоракунии маркази таълимӣ махсусан барои намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази таълимии минтақавии безараргардонии маводи тарканда муфид буд. Аз соли 2014 инҷониб Барномаи минарӯбии башардӯстонаи Артиши марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USARCENT) ва Барномаи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе оид ба Ҳамкории ҳамгирои безараргардонии маводи тарканда (ICExH) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар коҳиш додани хатарҳои маводи тарканда ва вокуниш ба онҳо дастгирӣ мекунанд. Боздид ба муҳокимаҳои амиқи усулҳои таълимӣ ва расмиёти амалиётӣ бо иштироки фаъолонаи ҳамаи Давлатҳои аъзо мусоидат намуд.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар ҳамоҳангсозии ин ташаббуси муҳим, ки амнияти минтақавиро таҳким бахшида ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҳалли мушкилоте, ки аз хатарҳои маводи тарканда бармеоянд, мусоидат мекунад, нақши ҳалкунанда бозид. Ҷорабинии мазкур дар доираи талошҳои васеътари САҲА дар самти таҳкими амният ва суботи минтақавӣ сурат гирифтааст.