Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Ҷаласаи 3-юми Шӯрои байналмиллали таълимиро барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати безараргардонии маводи тарканда дар Ашқобод ташкил кард
Ҷаласаи 3-юми Шӯрои байналмилалии таълимӣ дар Ашқободи Туркманистон бомуваффақият анҷом ёфт. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Маркази САҲА дар Ашқобод ва Форуми САҲА оид ба амният ва ҳамкорӣ ҳадафи густариши ҳамкорӣ ва табодули дониш байни Осиёи Марказӣ ва ҳамкорони байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи Ҳамкории фарогир оид ба безараргардонии маводи тарканда (ICExH). Мулоқот аз 19 то 21 ноябри соли 2024 бо мизбонии Ҳукумати Туркманистон ва бо дастгирии Вазорати мудофиаи Туркманистон баргузор гардид.
Ҷонибҳои асосии манфиатдор аз Осиёи Марказӣ, ҷомеаи донорҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои коршиносӣ барои баррасии дастовардҳои гузашта, муайян кардани афзалиятҳои оянда ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар бартараф намудани хатарҳои маводи тарканда ҷамъ омаданд. Вилям Лиф, Мушовири сиёсии Маркази САҲА дар Ашқобод, хусусияти глобалии хатари маводи таркандаро таъкид кард: “Он аз марзҳо убур мекунад ва моро дар кӯшишҳои рафъи таҳдиди доимӣ ва афзояндаи маводи тарканда дар саросари ҷаҳон муттаҳид мекунад”.
Бо такя ба натиҷаҳои вохӯриҳои қаблӣ, иштирокчиён мубоҳисаҳои амиқ барои муайян кардани дарсҳои омӯхташуда, арзёбии таҳдидҳои пайдошаванда, муайян кардани афзалиятнокии ниёзҳои омӯзишӣ, омӯхтани усулҳои инноватсионии омӯзиш ва таҳкими ҳамкории минтақавиро доир намуданд. Юкка Туононен, Роҳбари Бахши сиёсӣ-ҳарбии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, оиди оянда изҳори хушбинӣ намуд: “Бо бунёди таҳкурсии мустаҳкаме, ки дар мулоқотҳои қаблӣ гузошта шуда буд, мо метавонем тавонмандии дастаҷамъонаи худро барои коҳиш додани хатарҳои аз маводи тарканда ба вуҷудомада боз ҳам тақвият бахшем».
Таваҷҷуҳи калидӣ ба аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ зоҳир шуда буд. Маркази таълимии минтақавӣ оид ба безараргардонии маводи тарканда, ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ мешавад, ҳамчун як платформаи муҳим барои омӯзиш ва таҳкими тавонмандӣ қайд карда шуд ва нақшаҳо оид ба такмили минбаъдаи имконоти он баррасӣ шуданд. Роберт Лафлер, Муовини сардори Бахши ҳамкориҳои низомии Сафорати ИМА дар Душанбе бори дигар ӯҳдадории ИМА оид дастгирии кӯшишҳои Осиёи Марказӣ дар коҳиши хатари маводи тарканда ва вокуниш ба онро таъкид кард: “[Иёлоти Муттаҳида] махсусан аз дастгирии мутахассисони минарӯбӣ дар Осиёи Марказӣ, ки вазифаи хавфноки ихроҷ намудани лавозимоти нотаркида барои муҳофизати одамон ва баргардондани заминҳои зарардида ба ҷомеаҳо ба мақсадҳои истеҳсолӣ ва осоиштаро ба зимма мегиранд, шарафманд аст. Аз будаш зиёд қадр кардани аҳамияти ин кор ғайриимкон аст. Маводи тарканда дар муддати зиёди баъди анҷоми муноқишаҳо боиси кушта ва захмӣ шудани одамон мегарданд, ба бозгашти бехатари оворагон монеъ мешаванд ва имкониятҳои иқтисодиеро, ки барои шукуфоии Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳалкунанда доранд, маҳдуд мекунанд».
Бо таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам, вохӯрӣ ба бехатарӣ ва амнияти Осиёи Марказӣ мусоидат намуд. Иштирокчиён бори дигар омодагии худро ба ҳалли мушкилоте, ки аз хатари маводи тарканда ба миён меоянд ва бунёди минтақаи тобовартар тасдиқ карданд.