САҲА семинареро, ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони дорои маълулият дар офатҳои табиӣ нигаронида шудааст, дастгирӣ кард
Аз 6 то 7 декабри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд семинареро таҳти унвони «Мутобиқшавӣ барои ҳама: Ҳуқуқи шахсони дорои маълулият дар офатҳои табиӣ» баргузор намуд. Чорабинии мазкур дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмони ҷамъиятии «Меҳрбахш» ва чанд созмони дигар, ки шахсони дорои маълулиятро намояндагӣ мекунанд, баргузор гардид.
Ҳадафи семинар баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи ҳуқуқ ва ниёзҳои шахсони дорои маълулият ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, бахусус дар заминаи офатҳои табиӣ буд. Дар барнома аҳамияти усули фарогири идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва дастрасии хизматрасониҳои муҳим барои шахсони дорои маълулият таъкид шудааст. Иштирокчиён фаҳмиданд, ки чӣ гуна эҳтиёҷоти ин гурӯҳи аҳолӣ ҳам ҳангоми омодагӣ ва ҳам ҳангоми вокуниш ба офатҳои табиӣ қонеъ карда мешаванд. Дар чорабинӣ дар баробари лексияҳои назариявӣ машқҳои амалӣ, ки ба таҳияи нақшаҳои тахлия ва таъмини дастрасии баробар ба хизматрасониҳои тиббӣ ва башардӯстона нигаронида шудаанд, иборат буд.
Семинари мазкур дар доираи ибтикори васеътари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷиҳати дастгирии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои Нақшаи миллии фаъолият пас аз тасвиби Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон буд. Ногуфта намонад, ки ин семинари хотимавии силсилаи машғулиятҳое буд, ки дар давоми моҳи ноябр дар Кулоб, вилояти Хатлон ва ноҳияи Ғарми ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид.