САҲА роҳбарони дидбонгоҳҳои сарҳадиро барои тақвияти амният дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон таълим дод

Аз 17 то 28 феврали соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои роҳбарони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, ки дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон хидмат мекунанд, курси таълимии дуҳафтаинаи ҳамаҷониба доир намуд. Дар омӯзиши дар маркази таълимии дастаи сарҳадии ноҳияи Панҷ баргузоршуда 20 афсари Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан аз дидбонгоҳҳои вилояти Хатлон, ширкат варзиданд.
Курс аз ҷониби коршиноси байналмилалӣ ва роҳбаладони маҳаллӣ гузаронида шуд, ки ба баланд бардоштани маҳорати иштирокчиён дар самтҳои асосии идоракунии сарҳад, аз ҷумла банақшагирии амалиётӣ, посбонӣ, баназаргирии ҷанбаҳои гендерӣ ҳангоми таъмини амнияти сарҳад ва арзёбии хатарҳо нигаронида шудааст. Дар ҷараёни машғулиятҳои ҳам назариявӣ ва ҳам амалӣ афсарон истифодаи самараноки нерӯҳо ва захираҳои мавҷуда, беҳтар кардани ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, арзёбӣ ва пешгӯии таҳдидҳои дар вазъи амнияти сарҳадӣ пайдошавандаро омӯхтанд.
Дар омӯзиш инчунин усулҳои муосири ҳифзи сарҳад, қабули қарорҳо оид ба фаъолияти дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва аҳамияти баназаргирии ҷанбаҳои гендерӣ дар таъмини амнияти сарҳад баррасӣ шуданд. Омӯзиш тавассути муҷаҳҳаз кардани афсарон бо ин малакаҳои ҳаётан муҳим иқтидори ҳалли масъалаҳои амнияти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвият медиҳад ва татбиқи Стратегияи миллии идоракунии сарҳадро дастгирӣ мекунад.
Ин иқдом дар доираи кӯшишҳои чандсолаи САҲА баҳри таҳкими амнияти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили қобилияти ҳалли мушкилоти имрӯза ва ояндаи амниятӣ дар марз бо Афғонистон баргузор гардид.