Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
САҲА ба Комиссияи байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон технологияҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоти идоравӣ тақдим намуд
Publishing date: 26 март 2025
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Combating trafficking in human beings
26 марти соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Комиссияи байниидораии оид ба мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон маҷмӯи таҷҳизоти технологияи иттилоотӣ ва идоравиро тақдим намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори безараргардонии маводи таркандаро тақвият медиҳад
Publishing date: 15 март 2025
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Назорати яроқу аслиҳа
15 марти соли 2025 дар Ғарм, Тоҷикистон, курси омӯзишии дуҳафтаина оид ба безараргардонии маводи тарканда (EOD) сатҳи 1-2 барои 14 афсари Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид. Курс, ки ба такмили донишу малакаҳои амалӣ нигаронида шудааст, аз ҷониби роҳбаладони таълимии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Маркази минтақавии таълимии безараргардонии маводи таркандаи назди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ гузаронида шуд.
САҲА роҳбарони дидбонгоҳҳои сарҳадиро барои тақвияти амният дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон таълим дод
Publishing date: 28 феврал 2025
Аз 17 то 28 феврали соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои роҳбарони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, ки дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон хидмат мекунанд, курси таълимии дуҳафтаинаи ҳамаҷониба доир намуд. Дар омӯзиши дар маркази таълимии дастаи сарҳадии ноҳияи Панҷ баргузоршуда 20 афсари Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан аз дидбонгоҳҳои вилояти Хатлон, ширкат варзиданд.
САҲА барои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиши аслияти ҳуҷҷатҳои амниятӣ омӯзиш доир намуд
Publishing date: 28 феврал 2025
Понздаҳ афсари Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машғулияти назариявии омӯзиши роҳбаладон дар мавзӯи «Санҷиши аслияти ҳуҷҷатҳои амниятӣ», ки аз 24 то 28 феврали соли 2025 дар Душанбе баргузор шуд, ширкат варзиданд.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Вазорати корҳои дохилиро дар доир намудани ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба баррасии лоиҳаи Қонун «Дар бораи милитсия» дастгирӣ мекунад
Publishing date: 27 феврал 2025
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Аз 25 то 27 феврали соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Вазорати корҳои дохилӣ дар ташкили ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба баррасии лоиҳаи Қонун «Дар бораи милитсия» мусоидат намуд. Музокирот 25 феврал дар ноҳияи Ҳисор оғоз ёфта рӯзҳои 26-27 феврал дар Душанбе идома ёфт.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути сафари табодули таҷриба ба Белгия малакаҳои безараргардонии маводи таркандаро такмил медиҳанд
Publishing date: 14 феврал 2025
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Назорати яроқу аслиҳа
Ба наздикӣ коршиносон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон сафари арзишманди табодули таҷрибаро ба Белгия анҷом доданд, ки ба баланд бардоштани иқтидори онҳо дар самти безараргардонии маводи тарканда нигаронида шуда буд. Сафар, ки аз 10 то 14 феврали соли 2025 сурат гирифт, бо мусоидат ва дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва мизбонии Шоҳигарии Белгия бо иштироки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом дода шуд.
САҲА Ҷаласаи ифтитоҳии соли 2025 Гурӯҳи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд оид ба рушди бахши макроиқтисодӣ, хусусӣ ва молиявӣ ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаро даъват кард
Publishing date: 6 феврал 2025
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти иқтисодӣ