САҲА ба Комиссияи байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон технологияҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоти идоравӣ тақдим намуд
26 марти соли 2025 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба Комиссияи байниидораии оид ба мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон маҷмӯи таҷҳизоти технологияи иттилоотӣ ва идоравиро тақдим намуд.
Таҷҳизоти тақдимшуда ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар кӯшишҳои муқовимат ба хариду фурӯши одамон ва кумак ба ҷабрдидагон дастгирӣ хоҳад кард. Аз ҷумла, он ба Маркази мубориза бо хариду фурӯши одамон дар назди Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, корҳои таҳлилӣ ва тафтишотӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои мусоҳиба бо ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон мусоидат хоҳад кард.
Дар маросими тақдими таҷҳизот Адриана Барилов, Сардори Шӯъбаи гендерӣ ва мубориза бо хариду фурӯши одамон дар Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Собир Шоҳимардонзода, раиси Маркази мубориза бо хариду фурӯши одамон дар назди Вазорати корҳои дохилӣ ширкат доштанд. Ҷонибҳо барои ҳамкориҳои давомдор изҳори сипос намуда, ҳавасмандии худро ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда тасдиқ намуданд.