САҲА барои Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиши аслияти ҳуҷҷатҳои амниятӣ омӯзиш доир намуд

Понздаҳ афсари Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машғулияти назариявии омӯзиши роҳбаладон дар мавзӯи «Санҷиши аслияти ҳуҷҷатҳои амниятӣ», ки аз 24 то 28 феврали соли 2025 дар Душанбе баргузор шуд, ширкат варзиданд. Дар омӯзиши аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташкил кардашуда, ду коршиноси ботаҷрибаи байналмилалӣ аз Беларус иштирок карда, ба шунавандагон дониши амиқи санҷиши ҳуҷҷатҳои амниятиро дастрас карданд.
Иштирокчиён коршиносии худро дар методологияи таълим ва ошкор кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, аз ҷумла истифодаи воситаҳои техникӣ барои санҷиши аслият, усулҳои чопи ҳуҷҷатҳо ва унсурҳои муҳофизатӣ дар шиносномаҳо, раводидҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои расмии сафарӣ такмил доданд. Дар омӯзиш ҳамчунин истеҳсоли коғаз барои ҳуҷҷатҳо, чораҳои зидди қаллобкорӣ, намудҳои ҳуҷҷатҳои сафарӣ ва методологияи ошкор кардани қаллобкорӣ баррасӣ шуданд.
Дар маросими хатми омӯзиш иштирокчиён ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои ташкили омӯзиш арзи сипос намуда, аҳамияти чунин семинарҳоро дар таҳкими тавонмандии онҳо оид ба санҷиши аслияти ҳуҷҷатҳои амниятӣ таъкид намуданд. Бисёр шунавандагон ба имкониятҳои омӯзиши минбаъда барои идомаи такмили малакаҳои худ оид ба санҷиши аслияти ҳуҷҷатҳо таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.