Ҳамкорӣ муҳим аст! Маъракаи интерактивии САҲА хоҳони чашмандози ҷаҳонӣ ба амният ва ҳамкорист
ВЕНА, 17 апрели соли 2015 – Дар маъракаи интерактивие, ки имрӯз роҳандозӣ гардид, САҲА аҳли ҷомеаро ба фиристодани суратҳо, наворҳои видео ва паёмҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба он ки мо чӣ тавр метавонем якҷоя кор барем то амният як чизи воқеӣ гардад ва чӣ тавр сулҳу суботро тавассути ҳамкорӣ тарвиҷ диҳем, даъват мекунад.
Маъракаи “Ҳамкорӣ муҳим аст” нишон доданист, ки ҳар як шахс ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад саҳмгузор дар кӯшишҳои табдил додани ҷаҳон ба як ҷои амнтар ва осоиштатар бошад. Ин маърака дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашнгирии 40-солагии баимзорасии Санади ниҳоии Ҳелсинки – санади калидии таъсисдиҳанда, ки тавассути он САҲА ба вуҷуд омадааст ва ин санад то ҳол бархӯрди фарогирандаи созмонро ба амният роҳнамоӣ мекунад, баргузор мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд бо воситаи истифодаи ҳаштэгҳои #WeCooperate ва #OSCE ва ворид сохтани маводи худ тавассути Twitter, Instagram, ва ё мустақиман бо фиристодан ба сомонаи маърака www.osce.org/wecooperate ва / ё саҳифаи Facebook-и САҲА, дар маърака иштирок намоянд. Ҳар ду ҳафта корҳои беҳтарин дар сомона ба нашр мерасанд ва бо ҷоизае дар шакли гаджет, ки ҷанбаҳои гуногуни амният ва ҳамкориро инъикос менамояд мукофотонида мешаванд. Дар охири маърака муаллифи кори беҳтарин бо ҷоизаи боздид аз чорабинии САҲА мукофотонида мешавад. Маълумоти муфассал дар бораи маърака ва шарту қоидаҳо барои ширкат варзидан дар он дар сомонаи маърака www.osce.org/wecooperate дастрас аст.