Documents library
Тафсири Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон
Publishing date: 22 май 2024
Content type: Гузориш
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Идоракунии самарабахш
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Тафсири модда ба моддаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022 1852, 1 сентябри соли 2022 эътибор гирифта масъалаҳои ҳуқуқӣ ва амалиеро, ки ҳангоми истифодаи меъёрҳои қонунгузории манзил ба миён меоянд, шарҳ медиҳад. Дар таҳияи шарҳу тавзеҳот коршиносони Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» ва коршиносони мустақил дар соҳаи ҳуқуқ ба манзили муносиб иштирок намуданд. Тафсир инчунин ба натиҷаҳои таҳлили баррасии рафти татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он дар марҳилаи аввал (2021-2025) аз нигоҳи оид ба такмили қонунгузорӣ, ки ба мубориза бар зидди коррупсия дар соҳаи қонунгузории манзил ва замин нигаронида шудааст (Ҳисоботи мониторинг, 2022-2023), асос ёфтааст (Ҳисоботи мониторинг, 2022-2023). Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе таҳияи ҳисоботи мониторинг (2022-2023) ва инчунин нашри тафсирро (2024) дастгирӣ намуд. Ин фаъолият дар доираи дастгирии доимии САҲА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди идоракунии самаранок ва татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ сурат гирифт. Нашрия ба забони точикӣ дастрас аст.
Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2023 «Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки дар таҷрибаи судӣ ҳангоми татбиқ намудани Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд»
Publishing date: 22 май 2024
Content type: Гузориш
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Идоракунии самарабахш
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Дар солҳои 2022-2023 аз ҷониби коршиноси ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳлили маълумоти ҷамъовардашуда оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) дар самти такмили қонунгузорӣ, ки ба мубориза бар зидди коррупсия дар соҳаи қонунгузории манзил ва замин нигаронида шудааст (минбаъд ҳисоботи мониторинги солҳои 2022-2023) гузаронида шуд. Таҳлил нишон дод, ки яке аз омилҳое, ки боиси коррупсия дар соҳаи манзил мегардад, набудани усули ягонаи таҷрибаи судӣ дар баррасии парвандаҳои марбут ба муносибатҳои ҳуқуқии соҳаи манзил мебошад. Ҳамчун механизми пешгирикунанда оид ба беҳтар намудани таҷрибаи иҷрои қонунгузорӣ аз ҷониби судҳои поёнӣ тавсияҳо дода шуданд. Бо иштироки коршиносони Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» Лоиҳаи қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо максади таъмини татбиқи дуруст ва ягона қонун аз тарафи судҳо тартиб дода шуд. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (САҲА) таҳияи ҳисоботи мониторинг (солҳои 2022-2023), баргузории ду ҷаласаи гурӯҳи кории Суди Олӣ оид ба лоиҳаи қарор (2023) ва нашри қарорро (2024) дастгирӣ намуд. Фаъолияти мазкур дар доираи дастгирии доимии САҲА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди идоракунии самаранок ва татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ сурат гирифт. Илова бар ин, дар доираи фаъолияти худ дар андозагирии инсонӣ, САҲА таҳлили гендериро барои таҳияи лоиҳаи қарор (2023) дастгирӣ намуд. Қарор ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастрас аст.
Вазъи тозагӣ дар деҳоти Тоҷикистон
Publishing date: 20 октябр 2022
Content type: Гузориш
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист, Water management
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Гузориши «Вазъи тозагӣ дар деҳоти Тоҷикистон», ки аз ҷониби коршиноси байналмилалӣ Сушмита Синҳа дар соли 2020 таҳия шудааст, бар асоси таҳлили сифатии иттилооте, ки тавассути мусоҳиба ва баррасии ҳуҷҷатҳо ҷамъоварӣ шудааст, асос ёфтааст. Таҳлил тавассути омӯзиши рӯимизӣ аз нуқтаи назари техникӣ, иҷтимоӣ, институтсионалӣ, ҳуқуқӣ ва зарфият анҷом дода шудааст. Баррасии гузоришҳо, мақолаҳо ва вохӯриҳои онлайн ва муҳокимаҳо бо коршиносони калидии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба лоиҳаҳои ҷории беҳдоштӣ дар Тоҷикистон барои фаҳмидани талабот гузаронида шудаст. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе тавассути ин таҳқиқот кӯшиш кард афкор, вазъи кунунӣ ва норасоиҳоро дар инфрасохтор, сохторҳои институтсионалӣ, шароити иҷтимоиву иқтисодӣ, дониш, огоҳӣ, зарфияти ҷонибҳои манфиатдор ва чаҳорчӯби қонуниро муайян кунад. Ҳисоботро доираи васеи баҳрабардорон истифода бурда метавонад, бахусус барои иттилоотонии шахсони масъули қабули қарорҳо ва ҷонибҳои асосии манфиатдор дар бораи он, ки барои беҳтар кардани ҳолати санитарӣ ва муқаррар кардани талабот барои омӯзиши минбаъда дар маҳалҳо зарур аст.
Шарҳи Вазъи Ҳолатҳои Фавқулода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020
Publishing date: 11 ноябр 2021
Content type: Гузориш
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Disaster risk reduction, Муҳофизати муҳити зист
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Гузориши мазкур дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Нашрия маълумот дар бораи низоми давлатии амалҳои пешгирикунанда ва ҳифзи аҳолӣ ва қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодда, татбиқи Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ, инчунин корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳиро дар бар мегирад. Гузориш инчунин маълумотро дар бораи фаъолияти таблиғотии аҳолӣ дар соҳаи пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, сиёсати кадрӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва самтҳои асосии рушди Кумита дар соли 2020 дар бар мегирад. Гузориши мазкур бо забонҳои русӣ ва англисӣ дастрас аст.
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, 11 октябри соли 2020: Гузориши ниҳоии миссияи ДНДҲБ оид ба арзёбии интихобот
Publishing date: 29 январ 2021
Content type: Гузориш
Where we are: OSCE Office for Democratic Institutions and Human Rights
What we do: Интихобот
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Шарҳи ҳолатҳои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019
Publishing date: 4 январ 2021
Content type: Гузориш
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Disaster risk reduction, Муҳофизати муҳити зист
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Гузориши мазкур дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Нашрия маълумот дар бораи низоми давлатии амалҳои пешгирикунанда ва ҳифзи аҳолӣ ва қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодда, татбиқи Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ, инчунин корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳиро дар бар мегирад. Гузориш инчунин маълумотро дар бораи фаъолияти таблиғотии аҳолӣ дар соҳаи пешгирӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, сиёсати кадрӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва самтҳои асосии рушди Кумита дар соли 2019 дар бар мегирад. Гузориши мазкур бо забонҳои англисӣ ва русӣ дастрас аст.
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ 1 МАРТИ СОЛИ 2020: Миссияи ДНДҲИ оид ба баҳодиҳии интихобот Ҳисоботи ниҳоӣ
Publishing date: 27 май 2020
Content type: Гузориш
Where we are: OSCE Office for Democratic Institutions and Human Rights
What we do: Интихобот
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Анкета- Давраи омӯзишӣ "Ахлоқи рӯзноманигорӣ"
Publishing date: 11 сентябр 2019
Content type: Санади конфронс / нишаст
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Озодӣ ва рушди расонаҳо
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулодда ва Мудофиаи Граждании Назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Publishing date: 6 июн 2019
Content type: Гузориш
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо
Гузориши мазкур дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Кумита) таҳия шудааст. Он маълумотро дар бораи такмил додани фаъолияти Кумита дар соли 2018, тавсифи маҷмӯи чорабиниҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи гражданӣ, чорабиниҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳиро дар бар мегирад. Гузориш ҳамчунин маълумотро дар бораи баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва ҳамкорӣ бо ВАО, ҳамкории байналмилалӣ, такмили ихтисоси кормандони Кумита ва дурнамои рушди институтсионалиро барои соли 2019 фаро мегирад. Гузориш бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дастрас аст.
Изҳороти Дабири кулли САҲА Томас Гремингер
Publishing date: 4 май 2018
Content type: Изҳорот / суханронӣ
Where we are: OSCE Secretary General
Publisher: Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо