Манбаъҳо
Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2023 «Дар бораи баъзе масъалаҳое, ки дар таҷрибаи судӣ ҳангоми татбиқ намудани Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд»
Дар солҳои 2022-2023 аз ҷониби коршиноси ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳлили маълумоти ҷамъовардашуда оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) дар самти такмили қонунгузорӣ, ки ба мубориза бар зидди коррупсия дар соҳаи қонунгузории манзил ва замин нигаронида шудааст (минбаъд ҳисоботи мониторинги солҳои 2022-2023) гузаронида шуд. Таҳлил нишон дод, ки яке аз омилҳое, ки боиси коррупсия дар соҳаи манзил мегардад, набудани усули ягонаи таҷрибаи судӣ дар баррасии парвандаҳои марбут ба муносибатҳои ҳуқуқии соҳаи манзил мебошад. Ҳамчун механизми пешгирикунанда оид ба беҳтар намудани таҷрибаи иҷрои қонунгузорӣ аз ҷониби судҳои поёнӣ тавсияҳо дода шуданд. Бо иштироки коршиносони Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» Лоиҳаи қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо максади таъмини татбиқи дуруст ва ягона қонун аз тарафи судҳо тартиб дода шуд.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (САҲА) таҳияи ҳисоботи мониторинг (солҳои 2022-2023), баргузории ду ҷаласаи гурӯҳи кории Суди Олӣ оид ба лоиҳаи қарор (2023) ва нашри қарорро (2024) дастгирӣ намуд. Фаъолияти мазкур дар доираи дастгирии доимии САҲА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди идоракунии самаранок ва татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ сурат гирифт. Илова бар ин, дар доираи фаъолияти худ дар андозагирии инсонӣ, САҲА таҳлили гендериро барои таҳияи лоиҳаи қарор (2023) дастгирӣ намуд.
Қарор ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастрас аст.
Ақидаву афкор, нуқтаи назар, хулосаҳо ва дигар маълумоте, ки дар ин санад дарҷ ёфтаанд, ҳатман бо нуқтаи назари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мувофиқат намекунанд, ба ғайр аз он ҳолатҳое, ки возеҳан гуфта шудааст, ки САҲА муаллифи ин санад аст.