Манбаъҳо
Тафсири Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тафсири модда ба моддаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022 № 1852, 1 сентябри соли 2022 эътибор гирифта масъалаҳои ҳуқуқӣ ва амалиеро, ки ҳангоми истифодаи меъёрҳои қонунгузории манзил ба миён меоянд, шарҳ медиҳад. Дар таҳияи шарҳу тавзеҳот коршиносони Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» ва коршиносони мустақил дар соҳаи ҳуқуқ ба манзили муносиб иштирок намуданд. Тафсир инчунин ба натиҷаҳои таҳлили баррасии рафти татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он дар марҳилаи аввал (2021-2025) аз нигоҳи оид ба такмили қонунгузорӣ, ки ба мубориза бар зидди коррупсия дар соҳаи қонунгузории манзил ва замин нигаронида шудааст (Ҳисоботи мониторинг, 2022-2023), асос ёфтааст (Ҳисоботи мониторинг, 2022-2023).
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе таҳияи ҳисоботи мониторинг (2022-2023) ва инчунин нашри тафсирро (2024) дастгирӣ намуд. Ин фаъолият дар доираи дастгирии доимии САҲА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди идоракунии самаранок ва татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ сурат гирифт.
Нашрия ба забони точикӣ дастрас аст.
Ақидаву афкор, нуқтаи назар, хулосаҳо ва дигар маълумоте, ки дар ин санад дарҷ ёфтаанд, ҳатман бо нуқтаи назари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мувофиқат намекунанд, ба ғайр аз он ҳолатҳое, ки возеҳан гуфта шудааст, ки САҲА муаллифи ин санад аст.