Манбаъҳо
Вазъи тозагӣ дар деҳоти Тоҷикистон
Гузориши «Вазъи тозагӣ дар деҳоти Тоҷикистон», ки аз ҷониби коршиноси байналмилалӣ Сушмита Синҳа дар соли 2020 таҳия шудааст, бар асоси таҳлили сифатии иттилооте, ки тавассути мусоҳиба ва баррасии ҳуҷҷатҳо ҷамъоварӣ шудааст, асос ёфтааст. Таҳлил тавассути омӯзиши рӯимизӣ аз нуқтаи назари техникӣ, иҷтимоӣ, институтсионалӣ, ҳуқуқӣ ва зарфият анҷом дода шудааст. Баррасии гузоришҳо, мақолаҳо ва вохӯриҳои онлайн ва муҳокимаҳо бо коршиносони калидии байналмилалӣ ва миллӣ оид ба лоиҳаҳои ҷории беҳдоштӣ дар Тоҷикистон барои фаҳмидани талабот гузаронида шудаст. Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе тавассути ин таҳқиқот кӯшиш кард афкор, вазъи кунунӣ ва норасоиҳоро дар инфрасохтор, сохторҳои институтсионалӣ, шароити иҷтимоиву иқтисодӣ, дониш, огоҳӣ, зарфияти ҷонибҳои манфиатдор ва чаҳорчӯби қонуниро муайян кунад. Ҳисоботро доираи васеи баҳрабардорон истифода бурда метавонад, бахусус барои иттилоотонии шахсони масъули қабули қарорҳо ва ҷонибҳои асосии манфиатдор дар бораи он, ки барои беҳтар кардани ҳолати санитарӣ ва муқаррар кардани талабот барои омӯзиши минбаъда дар маҳалҳо зарур аст.
Ақидаву афкор, нуқтаи назар, хулосаҳо ва дигар маълумоте, ки дар ин санад дарҷ ёфтаанд, ҳатман бо нуқтаи назари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мувофиқат намекунанд, ба ғайр аз он ҳолатҳое, ки возеҳан гуфта шудааст, ки САҲА муаллифи ин санад аст.