Муколама бо иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор
Дафтари барномаҳо форумҳои мубоҳисавии мавзӯии ба сиёсат равонашударо дар байни мансабдорон, вакилони парлумон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар саросари кишвар дастгирӣ мекунад. Дафтар кӯшишҳои муайян кардани роҳҳои ҳалли масъалаҳои мубрами иҷтимоиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди шаҳрвандон ба иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар кӯшиш менамояд. Дафтари барномаҳо инчунин иштироки фаъолонаи вакилони парлумони Тоҷикистонро дар ҷаласаҳо ва семинарҳои Ассамблеяи Парлумонии САҲА дастгирӣ мекунад.
Самти дигари кори Дафтари барномаҳо мутобиқи Қатъномаи 2250 Шӯрои Амнияти СММ (2015) баланд бардоштани дониш ва малакаҳои ҷавонон мебошад, то онҳо дар равандҳои сиёсӣ ва қабули қарорҳо ширкат варзанд. Ин курсҳои омӯзиширо барои рушди қобилияти тафаккури интиқодии онҳо дар бар мегирад. Дар ҷараёни курсҳо инчунин малакаҳои суханронии оммавӣ, мулоҳизаронӣ ва музокиротии онҳо такмил дода мешаванд. Ин инчунин дастгирии таҳкими иқтидори шабакаҳои минтақавии ҷавононро дар бар мегирад. Яке аз чунин шабакаҳо “Шабакаи қабули қарорҳо бо роҳи ризоият” мебошад, ки ташаббускори муттаҳид кардани беш аз 600 хатмкунандаи чорабиниҳои барои ҷавонон доирнамудаи Дафтари барномаҳо аз тамоми Осиёи Марказист. Шабака платформаеро фароҳам меорад, ки дар он ҷавонон метавонанд табодули иттилоот кунанд, ҳамсолони худро илҳом бахшанд ва ҳавасманд кунанд. Дафтар бо ҷавонон тавассути Шабака кор мебарад, то ба онҳо имконияти ҳамчун шаҳрвандони фаъол нақши созанда бозидан ва ба орзуҳои худ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, тиҷорат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ноил шуданро фароҳам орад.