Расонидани кӯмак ба ҷавонон дар рушдӣ қобилиятҳои онҳо - қисми муҳими фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон
Ҷавонон тахминан 70% аҳолии қариб нӯҳмиллионаи Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ки аксарияти онҳо дар деҳот истиқомат мекунанд. Бо вуҷуди гурӯҳи назарраси демографиро ташкил намудан, ҷавонон бештар эҳсос менамоянд, ки барои иштироки фаъол дар ҳаёти ҷомеа имконияти кофӣ надоранд. Қисми муҳими фаъолияти Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба кӯмак расонидан ба ҷавонони саросари кишвар ҷиҳати истифодаи пурраи қобилиятҳои худ бахшида шудааст.
Ташаббусҳои Дафтари барномаҳои САҲА, ки дар онҳо ҷавонон иштирок доранд «Шабакаи қабули қарорҳо бо роҳи ризоият», ҷомеае ки қариб 500 нафар ҷавонон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро муттаҳид менамояд, «Қолаби САҲА» ва «Музокироти ҷавонони Осиёи Марказӣ»-ро дар бар мегирад.
Чорабиниҳо дар доираи ташаббусҳои мазкур ба ҷавонмардон ва ҷавонзанон дар такмили малакаҳои суханронии оммавӣ, мулоҳизаронӣ, тафаккури танқидӣ, малакаҳои таҳқиқӣ, таҳлилӣ ва музокиротии худ мусоидат мекунанд. Иштирокчиён муколама доир менамоянд, аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ, муносибатҳои дипломатӣ ва фаъолияти созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалиро меомӯзанд ва мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Сафари қаблии омӯзишӣ ба Котиботи САҲА дар Вена, Австрия аз 27 ноябр то 1 декабри соли 2018 суратгирифта ба шаш нафар узви «Шабакаи қабули қарорҳо бо роҳи ризоият», аз ҷумла ба ҷавонони дар чорабиниҳои доирнамудаи САҲА фаъолона ширкатварзида имконияти омӯзиши бевоситаи фаъолияти созмони байналмилалиро фароҳам овард. Онҳо дар амал татбиқшавии принсипҳои САҲА, муносибати фарогири он ба амният ва муколама дар сатҳи боло дар соҳаи амниятро омӯхтанд.
Сафари омӯзишӣ аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дар доираи кӯшишҳои он ҷиҳати дастгирии равандҳои демократии сиёсӣ дар Тоҷикистон доир гардида буд.