Хабарҳо
News and press releases
Навигариҳо ва ахбор барои расонаҳо дар бораи фаъолияти САҲА
Курси САҲА ба воҳидҳои махсуси Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани малакаҳои ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон кӯмак мекунад
Publishing date: 5 июл 2024
5 июли соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон як курси таълимии якмоҳаро таҳти унвони “Таҳкими иқтидори амалиётӣ дар маҳалҳо” (SFOC) анҷом дод. Курс, ки аз 10-уми июн то 5-уми июл баргузор шуд, таҳти роҳбарии коршиноси миллӣ бо дастгирии панҷ ёварони роҳбаладони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Онҳо дар баробари таҳкими иқтидори устувори дохилии омӯзишӣ аз таҷрибаи маҳаллӣ истифода бурданд.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе тавонмандсозии занонро дар бахши об дастгирӣ мекунад
Publishing date: 26 июн 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Муҳофизати муҳити зист, Water management
Рӯзҳои 25-26 июни соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барономаҳо) дар ҳамкории зич бо ҲЕЛВЕТАС Форуми 9-уми занонаи ҳавзаи Сирдарё (Форум) ва Шӯрои 7-уми ҳавзаи Сирдарёро (Шӯро) дастгирӣ намуд.
Раиси амалкунандаи САҲА Борг сафари худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида аҳамияти чораҳои ҷавобии минтақавӣ ба мушкилоти муштаракро таъкид кард
Publishing date: 26 июн 2024
Content type: Хабар барои расонаҳо
Where we are: OSCE Chairpersonship, Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 26 июни соли 2024 — Имрӯз Раиси амалкунандаи САҲА, Вазири корҳои хориҷӣ, Аврупо ва савдои Малта Ян Борг сафари худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида муносибатҳои ҳамкории деринаи САҲА бо ин кишварро бори дигар тасдиқ кард.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе маъракаи иттилоотии «Ҷавонон зидди маводи нашъаовар»-ро дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонд
Publishing date: 26 июн 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи иттилоотии «Ҷавонон бар зидди нашъамандӣ»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият анҷом дод. Ин маърака аз 5 то 26 июни соли 2024 мусобиқаҳои варзишӣ ва маросими ҷоизасупориро дар бар гирифт, ки дар манотиқи мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
САҲА дар Хоруғ курси таълимии минтақавиро барои кормандони хадамоти кинологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасонад
Publishing date: 22 июн 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Disaster risk reduction, Муҳофизати муҳити зист
22 июни соли 2024 дар шаҳри Хоруғ курси ниҳоии серӯзаи таълимии минтақавӣ, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои 20 нафар (18 мард ва 2 зан) кормандони хадамоти кинологӣ ва афсарони Раёсати ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази К-9 Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ташкил карда шуд, ба анҷом расид.
САҲА курси таълимии нобудсозиии лавозимоти нотаркидаи сатҳи 1-2-ро барои мутахассисони Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонд
Publishing date: 22 июн 2024
Content type: News
Where we are: Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе
What we do: Назорати яроқу аслиҳа
22 июни соли 2024 дар шаҳри Хуҷанд курси дуҳафтаинаи таълимии фарогири нобудсозии лавозимоти нотаркидаи сатҳи 1-2, ки барои 20 нафар иштирокчиён (ҳама мардон) аз Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, бомуваффақият анҷом ёфт.