Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе тавонмандсозии занонро дар бахши об дастгирӣ мекунад
Рӯзҳои 25-26 июни соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барономаҳо) дар ҳамкории зич бо ҲЕЛВЕТАС Форуми 9-уми занонаи ҳавзаи Сирдарё (Форум) ва Шӯрои 7-уми ҳавзаи Сирдарёро (Шӯро) дастгирӣ намуд. Дар чорабиниҳо, ки дар Хуҷанд баргузор шуданд, 100 нафар мутахассисони соҳаи об аз сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои занон, академияҳо ва дигар ниҳодҳои марбут ба об гирд омаданд.
Дар рӯзи аввал иштирокдорон нақш ва дурнамои иштироки занон дар идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои обро дар заминаи тағирёбии иқлим ва таъсири он дар қисми тоҷикистонии ҳавзаи Сирдарё баррасӣ карданд. Онҳо ҳамчунин аҳамияти Форумро дар таблиғи паёми Раванди оби Душанбе ва Конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба обро таъкид карданд.
Дар рузи дуйум иштирокдорон бо комёбихои асосии Шӯро шинос шуда, роҳҳои минбаъдаи онро мухокима карданд. Онҳо инчунин кори гурӯҳҳои кории фаннӣ оид ба арзёбии сифати обҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва ҳосилнокии истифодаи об ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши хатари офатҳоро баррасӣ карданд.
Чорабиниҳо дар доираи фаъолиятҳое, ки қаблан аз ҷониби Дафтари барномаҳо дар идоракунии захираҳои об амалӣ карда мешуданд, дастгирӣ карда шуданд. Ин ташаббусҳо дар чорчӯбаи кӯшишҳои доимии Дафтари барномаҳо барои мусоидат ба иштироки занон дар қабули қарорҳо сурат гирифтанд. Онҳо инчунин дар доираи ӯҳдадории САҲА оид ба тавонмандсозии занон дар бахши об баргузор карда шуданд.