САҲА дар Хоруғ курси таълимии минтақавиро барои кормандони хадамоти кинологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом мерасонад
22 июни соли 2024 дар шаҳри Хоруғ курси ниҳоии серӯзаи таълимии минтақавӣ, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои 20 нафар (18 мард ва 2 зан) кормандони хадамоти кинологӣ ва афсарони Раёсати ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази К-9 Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ташкил карда шуд, ба анҷом расид.
Машғулиятҳоро ду коршинос/роҳбалад аз Маркази таълимии К-9 ВКД, ки қаблан аз ҷониби Дафтари барномаҳо омӯзонида шуда буданд, роҳандозӣ намуда, иштирокчиёнро бо усулҳои муосири идоракунии сагҳо дар амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ тавассути машқҳои назариявӣ ва амалӣ шинос намуданд. Иштирокчиён инчунин бо ҷанбаҳои ҳамоҳангсозии дохилиидоравӣ ва байниидоравӣ ҳангоми вокуниш ба офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ шинос шуданд. Сардори Сарраёсати таъиноти махсуси милитсияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон полковник Ҷумъахон Шарифов чорабиниро ифтитоҳ намуда, аҳамияти ин омӯзишро барои фаъолияти онҳо таъкид кард. Ӯ ҳамчунин зарурати сармоягузории бештар дар ин самтро таъкид кард.
Чунин курсҳои таълимӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд дар моҳҳои апрел ва майи соли 2024 гузаронида шуданд. Дар маҷмӯъ 60 нафар кормандони хадамоти кинологӣ (57 мард ва 3 зан) аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Вазорати корҳои дохилӣ барои самараноктар гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ ҳангоми офатҳои табиӣ омӯзонида шуданд.
Фаъолияти мазкур дар доираи кӯшишҳои дарозмуддати Дафтари барномаҳо оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва оқибатҳои онҳо ва рафъи хатарҳои марбут ба офатҳои табиӣ баргузор карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зуд-зуд дар саросари кишвар бо онҳо дучор мешавад.