Раиси амалкунандаи САҲА Борг сафари худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида аҳамияти чораҳои ҷавобии минтақавӣ ба мушкилоти муштаракро таъкид кард
ДУШАНБЕ, 26 июни соли 2024 — Имрӯз Раиси амалкунандаи САҲА, Вазири корҳои хориҷӣ, Аврупо ва савдои Малта Ян Борг сафари худро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонида муносибатҳои ҳамкории деринаи САҲА бо ин кишварро бори дигар тасдиқ кард.
Раиси амалкунанда Борг дар Душанбе бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷӣ мулоқот кард. «Кӯшишҳои мо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи васеи масъалаҳо, аз мубориза бо ифротгароии хушунатомез то муқовимат ба хариду фурӯши одамон ва мусоидат ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла баробарии гендериро дар бар мегирад», - изҳор дошт ӯ.
Вазир Борг ҳамчунин бо генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот карда, ба Коллеҷ барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ - маркази такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи идораи сарҳадӣ ташриф овард. Ӯ аҳамияти ташаббусҳои амнияти минтақавӣ барои ҳалли босамари мушкилоти муштарак, аз қабили лоиҳаи «Босуботгардонии минтақаи сарҳади ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон», ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ мегардад ва омӯзиши босифатро, ки Коллеҷ барои ҳайати роҳбарикунандаи сарҳадӣ таъмин мекунад, таъкид кард.
Зимни боздид аз Дафтари барномаҳо, вазир Борг бо кормандони САҲА таҳти роҳбарии Роҳбари навтаъйини ҳайати намояндагӣ, сафир Вилли Кемпел мулоқот намуд ва ба фидокорӣ ва касбияти онҳо баҳои баланд дод. Ҳузури 30-солаи САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд карда ӯ изҳор дошт, «Раёсати Малта талош мекунад, ки нақши САҲА-ро баланд бардорад ва саҳми онро дар Осиёи Марказӣ тавассути такя ба дастовардҳои ҳамкориҳои қавии мо афзоиш диҳад».
Зимни мулоқоташ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ вазир Борг нақши муҳими онҳоро дар иҷрои ӯҳдадориҳои САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард. «Ҷомеаи шаҳрвандии озод ва мустақил барои таъмини риояи пурраи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, демократия ва волоияти қонун муҳим аст», - изҳор дошт ӯ.