САҲА дар Истамбул омӯзиши роҳбаладонро оид ба санҷиши аслияти ҳуҷҷатҳои амниятӣ доир намуд
Аз 23 то 27 сентябри соли 2024 Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) бо Раёсати экспертизаи судии Жандармерияи Ҷумҳурии Туркия барои гузаронидани курси якҳафтаинаи амалии омӯзиши роҳбаладон дар мавзӯи “Санҷиши аслияти ҳуҷҷатҳои амниятӣ” ҳамкорӣ карданд. Омӯзиши мазкур дар шаҳри Истамбули Туркия баргузор шуда, ҳадаф аз он такмил додани маҳорати панҷ роҳбалади Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Дар қисми амалии омӯзиши роҳбаладон иштирокчиён аз коршиносони Раёсати экспертизаи судии Жандармерия, Фармондеҳии генералии жандармерия, Озмоишгоҳи экспертизаи судии Жандармерия ва матбааи давлатӣ оид ба таҷрибаҳои беҳтарини санҷиши ҳуҷҷатҳои амниятӣ ва назорати сарҳадӣ дастур гирифтанд.
Машғулияти амалӣ ба мавзӯи «Санҷиши аслияти ҳуҷҷатҳои амниятӣ» дар Туркия, ки бо технологияи пешрафтаи худ дар муайян кардани ҳуҷҷатҳои қалбакии сафарӣ маъруф аст, бахшида шуд. Дар ин машғулият омӯзиши назариявӣ ба анҷом расид, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва малакаи амалиётии афсарони амният ва идоракунии сарҳад оид ба ошкор намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳадафи омӯзиш васеъ намудани имконоти иштирокчиён барои мустақилона гузаронидани омӯзишҳои оянда оид ба муайян кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар Марказҳои таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Дар маросими хатми омӯзиш иштирокчиён ба САҲА барои дар сатҳи баланд ташкил ва доир намудани курси омӯзишӣ изҳори миннатдории самимӣ намуданд. Онҳо аҳамияти ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои сарҳадӣ ва ҳифзи ҳуқуқро барои баланд бардоштани захираҳо ва дастгирӣ дар ошкор кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ таъкид намуда, нақши арзишманди САҲА-ро дар баланд бардоштани иқтидори инсонии Қӯшунҳои сарҳадӣ эътироф карданд.