Манбаъҳо
Об ва энергетика: Дастрасӣ ба нерӯи барқ – роҳи рушди устувор
18 июн 2024
Дафтари Барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе (Дафтар) ӯҳдадориҳои тӯлонӣ дорад, ки Тоҷикистонро дар пешрафти бахшҳои обу энергетика ва ҳамчунин беҳбуди зиндагии мардум дастгирӣ кунад. Яке аз саҳмҳои барҷастаи Дафтар ин насб кардани панелҳои офтобӣ дар минтақаҳои дурдасти кишвар, ки дар он ҷо нерӯи барқ нест ва айни замон пайваст кардани онҳо ба шабакаи барқ ба нақша гирифта нашудааст, ба ҳисоб меравад. Дар доираи лоиҳаи воҳиди идоракунии об ва амнияти энергетикӣ, ки дар солҳои 2019-2022 амалӣ карда шуд, Дафтар барои насби 211 панелҳои офтобӣ дар беш аз 203 хоҷагӣ, 6 мактаб, як беморхона ва як масҷид, ки 16 деҳаи дурдасти 4 ноҳияи Тоҷикистонро фаро мегиранд, мусоидат намуд. Видеои мазкур шаҳодати он аст, ки қадамҳои хурд низ метавонанд боиси тағйироти мусбӣ гардида ба такмили вазъи иҷтимоию иқтисодии аҳолӣ мусоидат кунанд.