САҲА ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон полис ва ҷомеаро дар мубориза бо ҷинояткорӣ муттаҳид мекунанд
Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКД ҶТ) ва аъзоёни шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия бо мақсади муҳокимаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ҳамчун муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткорӣ мулоқот намуданд. Мизи мудаввар 4 октябри соли 2019 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид. Он аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва Созмони байналмилалии Сейферворлд дастгирӣ шудааст. Дар ин чорабинӣ тақрибан 110 иштирокчӣ, аз ҷумла кормандони ВКД ва намояндагони ташкилотҳои миллӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
“Ҳадафи мулоқот муҳокимаи тадбирҳое, ки дар доираи ислоҳоти милитсия андешида мешаванд, хусусан амиқсозии ҳамкориҳои ҷомеа ва милитсия мебошад”, - гуфт муовини вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода. “Муҳокимаи мизи мудаввар ба мубодилаи афкор ва баланд бардоштани савияи дониши кормандони милитсия ва аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа мусоидат мекунад”, - афзуд ӯ.
Сардорони шӯъбаҳои ВКД ва раисони шӯроҳои ҷамъиятии вилоятӣ ва ноҳиявӣ дар бораи дастовардҳо дар беҳтар намудани ҳамкории милитсия ва ҷомеа дар вилоятҳои худ баромад карданд. Самтҳои такмил додани кори милитсия ва шӯроҳои ҷамъиятӣ низ қайд карда шуданд.
Муҳокимаи мизи мудаввар бо қабули қарор анҷом ёфт. Он тавсияҳои муштарак оид ба пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани самаранокии кори милитсия дар вилоятҳо, дастрасии кӯмаки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба аҳолӣ, ҷалби шаҳрвандон дар татбиқи ислоҳоти милитсия, нақши васоити ахбори омма дар ташаккули симои мусбати милитсия дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди байни аҳолӣ ва милитсияро дар бар гирифт.
Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Вазорати корҳои дохилӣ ва аъзои шӯроҳои ҷамъиятиро итминон дод, ки минбаъд дастгирии ВКД-ро дар тарғиби консепсияи ҳамкории милитсия бо ҷомеа идома медиҳад.