САҲА ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мониторинги қонунгузориии зиддикоррупсиониро таълим медиҳад
Таҳлили санадҳои миллии меъёрӣ ҳуқуқии мубориза бо коррупсия ва муайян намудани омилҳои хавфи коррупсионӣ мавриди омӯзиши панҷрӯза қарор гирифт, ки он 21 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба анҷом расид.
Чорабинии маззкур аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои аъзоёни Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон оид ба шаффофият ва муқовимат ба коррупсия доир гардид ва дар он 17 намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Тренинги омӯзишӣ ба иштирокчиён имконияти баланд бардоштани савияи дониши худ дар бораи стандартҳо, шабакаҳо ва арзёбии байналмилалии зиддикоррупсионӣ, таҳлили зиддикоррупсионии лоиҳаи санадҳои меъёрӣ ва омилҳои хавфи коррупсионӣ фароҳам овард. Онҳо ҳамчунин нақши ҷомеаи шаҳрвандиро барои банақшагирӣ ва арзёбии стратегияи миллии зиддикоррупсионӣ омӯхтанд ва стратегия ва нақшаи худи Эътилофро мавриди муҳокима қарор доданд.
“Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон барои мониторинги қонунгузории миллии зиддикоррупсионӣ, ки сатҳи шаффофиятро дар кишвар баланд мебардорад зарфияти бузург доранд. Онҳо метавонанд ба таҳияи стратегияи минбаъдаи зиддикоррупсионии Тоҷикистон саҳм гузоранд ва дар ҷомеаи худ заминаи боэътимоди ба ҳуқуқи инсон асосёфтаи пешгирии коррупсияро эҷод намоянд”, - гуфт коршиноси САҲА Кристина Тарна.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон оид ба шаффофият ва муқовимат ба коррупсия моҳи апрели соли 2019 таъсис дода шудааст.